Бори аввал дар маркази ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон Кушониён бунёди як бинои баланди ҳафтошёна ва ду бинои панҷошёна оғоз гардидааст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён хабар доданд, ки бинои 7 ошёна бо харҷи 11 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар бинои ҳафтошёна оғоз гардидааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори дигар бунёди ду бинои панҷошёна ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳарду бино 18 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.
Дар нақша аст, ки биноҳои баланошёна дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар мавриди истифода қарор дода шаванд.
Блоки рекламавӣ