Зани кӯҳансолтарини Испониё Мария Браниаси 113-сола аз коронавирус шифо ёфтааст. Дар ин бора хешовандони зан бо гузоштани аксе дар Твиттер хабар доааанд.
Гуфта мешавад, ки зан ибтидои моҳи апрел ба вирус гирифтор шуда, авали моҳи май табибон баъди шифоёбӣ ӯро ҷавоб додаанд. Мария дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад. Ҳангоми бемориаш ин зан дар камераи танҳоӣ монд ва мунтазам бо аъзоёни оилааш тавассути телефон сӯҳбат мекард.
Ин зан соли 1907 дар шаҳри Сан-Франсискои ИМА дар оилаи муҳоҷирони испонӣ таваллуд шудааст. Пас аз чанде оилааш ба Испониё баргаштаанд. Мария ҳоло соҳиби 3 фарзанд, 11 набера ва 13 абера мебошад. Мария дар тӯли умри тӯлонии худ “зукоми испонӣ”-и соли 1918 ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1936-1939-ро аз сар гузаронидааст.
Блоки рекламавӣ