Чанде пеш дар шаҳри Ҷиззах Анҷумани байналмиллии XVll-и “Central Asia-2024: Захираҳои ахбору китобхона ва интернет дар фан, таълим, фарҳанг ва тиҷорат” баргузор гардид ва дар он аз 11 кишвар беш аз 40 нафар масъулини китобхонаҳои бонуфуз ва 400 нафар кормандони соҳа аз Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Чунин Анҷуман аз соли 1999 инҷониб баргузор мешавад ва дар он сарварону муовинони китобхонаҳои давлативу миллии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва берун аз он бевосита ва ё ба тарзи фосилавӣ иштирок менамоянд. Анҷуман бо ибтикори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Ҷиззах ва дигар вазорату идораҳо дар Кохи анҷуманҳои назди ҳокимияти вилоят роҳандозӣ гардид.

Директори Агентӣ Асад Хоҷаев ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшид. Муовини ҳокими вилояти Ҷиззах Акмал Савурбоев номаи табрикии ҳокими вилоят Эргаш Солиевро ба иштирокчиён қироат намуд. Сардиректори Китобхонаи давлатии Русия Вадим Дуда, директори Китобхонаи миллии Арманистон Анна Чулян, сардиректори Китобхонаи миллии Белорус Вадим Гигин, директори Китобхонаи миллии Қазоқистон Бақитҷон Оспанова дар бораи аҳамияти Анҷуман, қадру манзалати китобу китобхона дар роҳи пешрафти ҷомеа, тараққиёти ҳамаи соҳаҳо сухан ба миён оварданд.

Директори Китобхонаи фундаменталии Донишгоҳи давлатии Беларус Владимир Кулажников, менеҷери дирексияи Китобхонаи миллии Туркия Меҳмед Демир, директори Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоии Ӯзбекистон Умеда Тешабоева, раиси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав Екатерина Кудрина, ҷонишини директор оид ба фаъолияти фан ва таълими Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия Олга Мезенсева, ҷонишини директори Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷӣ ва оид ба давлатҳои Осиёи ба номи Рудомино Мария Белоколенко, муовини директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёдгорбек Бердизода дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ карданд. Директори Китобхонаи фундаменталии Донишгоҳи давлатии Беларус Владимир Кулажников аз ҷумла изҳор дошт, ки “дар Шарқ коғазу китобро аз қадим эҳтиром менамоянд. Зеро китобҳои муқаддас, аз ҷумла Қуръони Маҷид дар коғаз китобат шудааст”.

Олга Мезенсева ва Мария Белоколенко дар суханронии хеш таъкидан гуфтанд, ки мутолиаи мунтазами китоб одамонро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Мо барои бачаҳо озмунҳои гуногун созмон додаем ва дар он наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ширкат карда, ҷойҳои сазоворро соҳиб шуданд.

Умеда Тешабоева ҳозиринро бо “Харитаи роҳ” ва Стратегияи Ӯзбекистони Нав” ошно сохт. Мувофиқи он дар назар аст, ки дурдасттарин маҳалҳо китобхонаҳои худӣ дошта бошанд, маданияти мутолиа баланд бардошта шуда, дар фаъолияти китобхонаҳо аз технологияҳо босамар истифода баранд.

Меҳмон аз Тоҷикистони бародар Ёдгорбек Бердизода дар маърӯзаи хеш аз фаъолияти академики рус Андреев, ки зодаи Тошканд асту дар китобхонаи шахсиаш манбаъҳои муътамад оид ба Самарқанду Тошканд зиёданд ва онҳо ҳамчун бозёфтҳои таърихӣ дорои аҳамияти баланд мебошанд, ҳикоя кард.

Рӯзи дуюм иштирокдорон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дарсҳои амалӣ гузарониданд. Таҷрибаивазкунӣ дар толори Донишкадаи Sambhram ва Маркази захираи ахбору китобхонаи вилоятӣ сурат гирифт.

Анорбой НАЗАРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Ҷиззах,

Аксбардор: Раҳимшоҳи Шарифзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь