Аз ҳафтаи оянда дар назар аст, ки ба самти Душанбе-Бухоро-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри нав ифтитоҳ ёбад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Субҳон Икромзода, роҳбари Агентии
авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар дод.
Субҳон Икромзода мегӯяд, ки 28-уми июли соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе шуруъ намуд.
– Парвози нахустин аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» дар ин хатсайр соли гузашта сурат гирифта буд, аммо ба муҳлати номуайян он қатъ гардид. Дар айни ҳол роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» бо мақомоти авиатсонии кишвари Ӯзбекистон гуфтушунид доранд. Агар шарту пешниҳодҳои ҷонибҳо бо ҳам мувофиқ оянд, пас аз ҳафтаи оянда парвози мунтазам дар самти Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз хоҳад ёфт,-афзуд Икромзода.
Ба иттилои мавсуф, парвозҳо миёни Тоҷикистон Ӯзбекистон дар доираи созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки дар моҳи марти соли равон ҳангоми сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки мувофиқи ин созишномаи ба тасвиб расида парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Бухоро-Душанбе ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», дар хатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанбе ҶСК «Тоҷик Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» анҷом медиҳанд.
– Аз соли гузашта ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» парвозҳоро дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд амалӣ менамояд. Шумораи мусофирон аз 25-30 ба 65-70 нафар афзоиш ёфт. Арзиши чипта аз 145 доллари пешин ба 75-80 доллари ИМА коҳиш ёфт. Ба ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» барои хизматрасонии фурудгоҳӣ 20 дарсад сабукӣ пешниҳод гардид, ки ин ба афзоиши шумораи мусофирон ва ҳаҷми интиқоли бор мусоидат намуд. Аз замони шуруъи парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» 118 парвоз иҷро намуда, 7100 мусофирро интиқол додааст,- дар анҷоми нишасти матбуотӣ илова намуд Субҳон Икромзода.