Омӯзгорони 38 муассисаи таълимии ноҳияи Ёвон аз моҳи апрел инҷониб маош нагрифтаанд, ки далели ин вазъро масъулон аз иҷро нашидани буҷети ноҳия медонанд.
Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Евон Қурбоналӣ Абдулоев гуфт, ки дар ҳақиқат ин мушкили ҷой дораду омӯзгорони 38 муассиса музди маоши худро нагирифтаанд.
Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур низ гуфт, ки қарздории музди меҳнат дар ноҳияи Ёвон вуҷуд дорад, аммо кӯшида мешавад, ки то рӯзи 3 июни соли 2019 о кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ бо музди маош таъмин мегарданд.
Муовини сардори Раёсати молияи ноҳияи Ёвон Бахтиёр Ҳасанов омили асосии пардохт нашудани маоши омӯзгронро иҷро нашудани андоз дар ноҳия арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки бояд дар моҳи май беш аз 15 милион сомонӣ иҷро карда мешуд, аммо то 29 май он 12 дарсад, яьне 1 милиону 900 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст.
Роҳбари нозироти андози ноҳия Валӣ Сафолов дар масьалаи қарздории андоз бо баҳонаи он, ки ба тозагӣ таьин шудаст, маълумоти заруриро ба мо дасрас накард. Ҳамчунин, гуфт бе иҷозати боло бо мо суҳбат намекунад.