Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 561 иншооте, ки дар доираи  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба нақша гирифта шуда буд, 148 ададаш бо ташкили садҳо ҷойи нави корӣ бунёд гардидааст.

Аз МИМҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд, ки  корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида  ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия бо маром идома дорад.  Аз 561 иншоотӣ ҷашни  дар соли 2022-юм 30 иншоот, соли 2023-юм 50 иншоот, соли 2024-ум 80 иншоот, соли 2025-ум 193 иншоот  ва соли 2026-ум 208 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 561 иншооти банақшагирифташуда 148 адад ба истифода дода шуда, дар 162 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар боқимонда иншоотҳо корҳои лоиҳакашӣ ва банақшагирӣ идома доранд.

Иншоотҳои бунёдшаванда дар доираи ин ҷашн дар соҳаҳои моариф,  тандурустӣ,  саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна ва дигар соҳаҳо мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь