Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани як корманди КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи маркази матбуотии агентӣ Ҳомидова Саодат сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе будааст.
“Ҳомидова аз шаҳрванд “А” барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатии собиқаи хизматӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз овардани 3000 сомонии дигарро талаб кардааст”, – менависад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Саодат Ҳомидова ҳангоми гирифтани маблағ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ аз ҷониби кормандони агентӣ дастгир ва маблағ ҳамчун далел аз ӯ гирифта шудааст.
“Вобаста ба ҳолатҳои кор нисбати Ҳомидова Саодат Одинаевна бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад”, – омадааст дар хабарнома.