Наслкушии Хоҷалӣ ҳамчун яке аз бузургтарин фоҷиаҳои асри гузашта дар маъсири таърих сабт шудааст, ва хунинтарин саҳифаи сиёсати поксозии қавмӣ ва наслкушии миллатгароёни арманӣ алайҳи озарбойҷониҳост. Шаби 25 ба 26 феврали соли 1992 воҳидҳои низомии Арманистон бо кӯмаки полки 366-уми тирандози Артиши Шӯравӣ, ки дар шаҳри Хонкандӣ мустақар буд, бо ҳадафи нест кардани мардуми осоишта ба ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳри Хоҷалӣ шурӯъ карданд. Шаҳри дорои аҳолии ҳафт ҳазор нафара, тамоман хароб гашта, аҳолиаш ба наслкушӣ дучор гардид.
Замони Наслкушии Хоҷалӣ, ки бо як бераҳмии хоса ба вуқуъ пайваст, арманиҳо аз рӯйи замин нест кардани Хоҷалӣ – шаҳреро, ки дорои ёдгориҳои таърихиву мадании мутаалиқ ба замонҳои қадимаи Озарбойҷон буд, ҳадафи худ қарор доданд. Меъёру қонунҳои ҳуқуқҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башардӯстонаи байналмиллалиро ба эътибор нагирифта, нисбати аҳолии осоишта, хусусан занон пиронсолон ва тифлон усулҳои бераҳмонаи маҳв ба кор бурда шуд. Дар натиҷа 613 нафарро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Миёни онҳо 63 кӯдак, 106 зан ва 70 нафар пиронсолон буданд. 8 оила пурра нобуд карда шуд, 25 кӯдак аз ҳарду волидайн маҳрум гаштанд ва 132 кӯдак яке аз волидайни худро аз даст доданд, 487 нафар маҷрӯҳ ва 1275 сокини осоишта ба доми асирӣ афтоданд, сарнавишти 150 нафар то кунун маълум нест. Дар рафти наслкушӣ 56 кас бо бераҳмии бемисл дучор шудаанд, одамонро зинда ба зинда сӯзонда ва ба азобу шиканҷаи даҳшатнок гирифтор намудаанд.
Дар натиҷаи Наслкушии Хоҷалӣ ва дигар ҷиноятҳои низомие, ки дар заминаи поксозии этникӣ ва адоват қувваҳои мусаллаҳи Арманистон дар қаламравҳои ишғолнамудаи мо содир намуданд, ҳуқуқ ва озодӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои мавҷудаи байналмиллалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муқаррар гардидаанд, аз ҷумла ҳуқуқи инсон ба зистан дағалона ва ба таври оммавӣ вайрон карда шуд.
Замони содир намудани Наслкушии Хоҷалӣ як қатор ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ, аз ҷумла конвенсияи Женева аз соли 1949, Конвенсия дар бораи пешгирӣ ва ҷазо додани ҷинояти наслкушӣ, Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон ва ҷазодиҳӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама намуди шаклҳои табъизи нажодӣ ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак дағалона вайрон карда шуданд.
Бори нахуст бо ибтикори Пешвои миллат Ҳайдар Алиев ва қарори Парлумон ба Наслкушии Хоҷалӣ баҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дода шуда, 26 феврал “Рӯзи наслкушии Хоҷалӣ” эълон гардида, амалиёти ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани ҳақиқат ва далелҳои ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон оғоз гардид.
Маъракаи маърифатии байналмиллалии «Адолат барои Хоҷалӣ», ки аз ҷониби Бунёди Ҳайдар Алиев бо мақсади ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани ҳақиқат дар бораи фоҷеаи Хоҷалӣ роҳандозӣ шудааст, дар эътироф намудани он ҳамчун наслкушӣ ва додани баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ нақши хеле муҳим дорад. Натиҷаи мантиқии тадбирҳои мақсаднок ба он оварда расонд, ки, Мақомотҳои қонунгузории миллии 17 кишвар, 24 иёлати ИМА, инчунин Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Давлатҳои Туркӣ қарорҳои зиёде қабул намуданд ва куштори мардуми осоиштаро дар Хоҷалӣ маҳкум намуда, онро ҳамчун наслкушӣ ва ҷинояти зидди башарият эътироф намуданд.
Айни замон давлати Озарбойҷон тамоми чораҳои заруриро меандешад, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумотро оиди идомаи пайвастаи сиёсати террористии Арманистон, хусусан дар бораи далелҳои гузоштани минаҳо ба заминҳои аз ишғол озодшудаи мо, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони осоишта кушта ва сахт маҷрӯҳ шудаанд, расонад.
Барои барқарор намудани адолат ва пешгирӣ аз такрори чунин наслкушӣ алайҳи башарият ба Наслкушии Хоҷалӣ ва дигар ҷиноятҳои низомие, ки Арманистон содир кардааст, бояд аз ҷониби давлатҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ баҳои байналмиллалии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дода шавад то масъулони ин наслкушӣ дар назди суди байналхалқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва дар ин роҳ чораҳои қатъӣ дида шавад.
Сабина Алиева,
ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсони (омбудсмен) дар Ҷумҳурии Озарбойҷон