Ба иттилои ҳамагон, аз ҷумла, аъзои “Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, мерасонем, ки мо як гурӯҳ узви “Гурӯҳи-24” бо хоҳиши худамон сафи “Гурӯҳи24”- ро тарк карда ба ватан баргаштем ва пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда, айни ҳол дар фазои орому осоиштаи ватан умр ба сар бурда истодаем.
Бо мақсади фароҳам овардани ҳаёти осоишта, аз дигар аъзоёни “Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷӣ кишвар қарор доранд, хоҳиш менамоем, ки бо хоҳиши худашон ба ватан баргарданд. Онҳо пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, мо дастҷамъона аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар хоҳиш мекунем, ки бинобар сабаби аз байн рафтани хатари “Гурӯҳи-24” ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, он аз руйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ихтисор карда шавад. Аз ин лиҳоз кадом аъзои “Гурӯҳи-24” мақсади баргаштан ба ватанро доранд, метавонад моро аз саҳифа ва сомонаҳои интернетӣ дастрас намоянд.
Мо омодаем, ки ба Шумо барои баргаштан ба ватан мусоидат намоем.
Собиқ узви олии “Гурӯҳи-24”
1. Гиляев Оятулло.
2. Сатторов Меҳрубон.
3. Сафаров Файзулло.
4. Султонов Шарифҷон.
5. Ихсомов Ғиёсиддин.
6. Давлатов Шокир.
7. Шарипов Махмадюсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь