19-уми март ҷониби Қирғизистон баъди ифшои сирояти бемории коронавирус дар се шаҳрванди ин кишвар роҳи ягонаи равуо барои мардуми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаро аз тариқи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент масдуд кард.

Маълум нест, ки ин роҳ кай дубора боз мешавад ва мардуми ноҳияи Сӯх дубора ба маркази вилоят ва минтақаҳои дигари Ӯзбекистон равуо карда метавонанд.

– Боз барои мардуми Сӯх имкони рафтуомад аз тариқи марзи Қирғизистон баста шуд. Бори дуввум аст, ки сӯхиён ба чунин мушкил мувоҷеҳ карда мешаванд. Бори нахуст соли 2013 наздики дуним моҳ роҳи миёни Сӯх-Фарғона баста буд ва мардум натавонист беморони худро ба шифохонаҳои марказӣ интиқол диҳад. Он замон чанд нафар бемор ба далели бемории сахт ҷон дода буданд. Худо накунад, ки коронавирус гуфта мардуми мо муддати дароз аз замини калони худ гусаста шаванд, – мегӯяд сокини ин ноҳия Камолиддин Азизов.

Ҳоло мардуми 80-ҳазорнафарии ин ноҳияи тоҷикнишини вилояти Фарғона дар чӣ вазъ қарор доранд, маълум нест. Тибқи баъзе хабарҳо рафи аксари мағозаҳову дӯконҳо аз маводи мавриди эҳтиёҷи доимии мардум холӣ шудааст, аммо ҳукумати ноҳия тамоми чораҳоро пиёда кардааст, ки мардуми он аз камбуди маводи ғизоӣ азият накашанд.

Дар ҳамин ҳол аз ноҳияи Сузоқи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон хабар расид, ки дар се нафар зоир сирояти ин вирус ошкор гардидааст. Онҳо ба наздикӣ аз зиёрати Каъбатуллоҳ баргаштаанд. Ба ин сабаб мақомоти Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод вазъи изтирорӣ эълон кардаанд.

Ин беморӣ боз боис гардидааст, ки дар шаҳри Бишкек-пойтахти ин кишвар мардум камтар ба кӯчаву хиёбонҳо бароянд. Вазорати сиҳати оммаи Қирғизистон аз аҳолӣ даъват намудааст, ки худро эҳтиёт кунанд ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кунанд, дар акси ҳол теъдоди сироятшудагон метавонад рӯ ба афзоиш оварад.

Вазири сиҳати оммаи Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев тайи як брифинг гуфтааст, ки се нафар бозгаштагон аз тарафи пизишкон таҳқиқ мешаванд.

– Ҳамаи аъзои хонаводаи онҳо низ дар назорати пизишкон қарор доранд, – изҳор кардааст Космосбек Чолпонбоев.

Ба гуфтаи ин вазири қирғиз аз ҳашт нафар барои ташхис хун гирифтаанд. Дар клиникаи вирусологияи вилояти Ӯш се нафар ба гумони сироят аз коронавирус дар қарантин ҳастанд. Намунаҳои таҷзия фавран ба Бишкек фиристода шудаанд, то ки он ҷо омӯхта шаванд.

– Мутаассифона, таҷзия ва таҳлили клиникаи вирусологияи Ӯш тасдиқ шуд ва се нафар сроятшуда дар айни ҳол муолиҷа мешаванд, – гуфтааст вазири сиҳати оммаи Қирғизистон.

Мувофиқи хабарҳои расида ду шаҳрванди Қирғизистон ба иллати пахш намудани хабарҳои бардурӯғ дар бораи коронавирус мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь