Масъулони Муассисаи хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон имсол нақша доранд, ки дар майдони 80 гектар ниҳоли хуч шинонанд.

Муовини роҳбари муассисаи  мазкур  Мираҳммад Давлатов гуфт, ки зиёд кардани майдони хуч дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат амалӣ мегардад.

Ӯ иттилоъ дод, ки тибқи нақша имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд дар 80 гектар хуч шинонида шавад, ки алҳол зиёда 30 гектари он шинонида шудааст.

– Соли гузашта дар майдони 43 гектар замин дарахти хуч шинонида шуд. Хуч асосан барои омода кардани доруворӣ истифода шуда, ба чандин беморӣ фоидаовар аст, – гуфт ӯ.

Ҳоло дар вилояти Хатлон дар умум 830 гектар майдони хучзор мавҷуд аст, ки ҳамасола аз 15 то 25  тонна хуч ҷамъоварӣ мешавад. Масъулон талош доранд, сол то сол майдони хучзорро зиёд кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь