«Тадқиқоти тӯлонии дастаи археологии солҳои (1954-1978) ва минбаъда (1980-1984) осори моддии маркази калони шаҳри қадимаи Хуҷандро мутааллиқ ба асри VIII пеш аз мелод дар минтақаи мобайни соҳили чапи рӯди Сир ошкор кард, ки дар қисми шарқии ҳудуди давлати Ҳахоманишиҳо ҷойгир буд. Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳои бузурги таърихӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии Мовароуннаҳр дар асрҳои миёна ба ҳисоб рафта, аз Куҳандиз, Шаҳристон ва Работ иборат буд», – мегӯянд таърихшиносон.  

Мовини мудир дар корҳои илмии Осорхонаи таърихии муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Нодира Олимова гуфт, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди осорхона 9 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 2652 адад ашёи таърихӣ, сиккаҳои гуногун, ҳуҷҷатҳою нусхаи хаттии нодир, маводи замони муосир ҷамъоварӣ шуд.

Ба гуфти номбурда, аз 2652 адад ашё танҳо 123 бозёфти нодир ба маблағи 60978 сомонӣ харида шудааст, боқӣ ашё ройгон ба фонди осорхона ворид гардидааст..

– Давоми соли 2019 аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 42022 нафар, аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 10485 нафар, аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи Нӯъмон Неъматов 11995 нафар меҳмони ватаниву хориҷӣ дидан кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба 21086 тамошобин сайри илмӣ ташкил гардидааст, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь