Коронавирус таваҷҷуҳи аҳолиро ба ҳазориспанд бештар кард. Ба қавли мутахассисон, дуди он қобилияти маҳвсозии вирусро доштааст. Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд 5 нуқта ба фурӯши ҳазориспанд машғул аст. Хабарнигори вебгоҳи Farazh.tj нархи онро аз фурӯшандаҳо пурсон шуд.

– Испандро аз домани кӯҳ мечинанд, пештар як бандчааш 1сомонӣ буд, ҳозир 3 сомонӣ мефурӯшем, талабот зиёд шудааст, – гуфт фурушандае, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.

– Ин бандаш калонтар, сифаташ ҳам нағз, 1 қабзаашро 5 сомонӣ мефурӯшем, аз ин бисёртар калонсолон мехаранд, – мегӯяд фурӯшандаи дигарӣ.

Дар пурсиши хабарнигори вебгоҳи Farazh.tj  2 нуқтаи фурӯш нархи 1 бандча ҳазориспандро 3 сомонӣ гуфтанд ва дар 3 нуқтаи дигар, ки бандашон аз нуқтаҳои қаблӣ фарқи казоӣ надошт, 5 сомонӣ арзиш доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь