Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз 3 ҳазору 800 нафақагир вафот карданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 333 нафар кам мебошад, аммо дар ин мудат 7 ҳазору 184 нафақахур зиёд шудааст.
Сармутахассиси Агентии суғуртаи иҷтимої ва нафақаи вилояти Хатлон Худоидод Бобов зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ба ҳолати якуми августи соли ҷорӣ дар вилоят 3 ҳазору 802 нафар нафақахурон вафот карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 333 нафар кам аст. Номбурда илова кард, ки аз 3 ҳазору 802 нафақахурони фавтида 1 ҳазору 178 нафарашон нафақагирони камбизоат мебошанд, ки ба онҳо 1 миллиону 690 ҳазору 65 сомонӣ маблағ дода шудаст.
“Дар умум барои гўручўб ва кумакпулї ба нафақагирони камбизоати фавтидаи вилоят 3 миллиону 165 ҳазору 515 сомонӣ дода шудааст”, – илова кард номбурда.
Ба иттилои ӯ дар ин давра шумораи умумии нафақагирон дар вилоят 271 ҳазору 184 нафаро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 688 нафар зиёд аст.