Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби  шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳот ба  403 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Аз Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки ҳамзамон аз тарафи бахши САҲШ-и ноҳияи Восеъ ба Мактаб-интернати кӯдакони лаёқатманди деҳаи Кадучӣ ва ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳия 2 адад компютер барои дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, тақдим карда шуда, ба 25 кӯдаки маъюб туҳфаҳо супорида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тайи чанд соли охир аз ҷониби шӯъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар арафаи ҳар иду ҷашн ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимон шаҳодатномаи ройгон дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь