Шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва кормандони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо соли 2019-ум дар 633 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ санҷиш гузаронида  7,5 миллион сомонӣ камбудиро ошкор кардаанд.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  аз ин маблағ 7,2 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки 4,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,7 миллион ба фоидаи корхонаҳо барқарор шуд.

Гуфта шуд, бештар маблағҳои ошкоршуда дар рафти санҷиш дар соҳаи маориф, тандурустӣ мебошад ва  26 мавод нисабти масъулон ба мақомоти қудратӣ фиристода шудааст.

Иттило ъдода шуд, ки соли рафта аз ҳисоби даромадҳои буҷети маҳаллӣ чор шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун  ва Панҷ  уҳдадориҳои худро аз руи ҳаҷми даромадҳо дар назди буҷети маҳаллӣ таъмин карда натавонистанд.

Ҳамчунин, сардори Сарраёсат қайд кард, ки андоз аз арзиши иловашударо 11 шаҳру ноҳия – Вахш, Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Ёвон, Норак, Восеъ ва Темурмалик ва буҷети вилоятӣ 22,2 сомонӣ таъмин карда натавонистанд.

– Бақияи қарзи андозҳо дар вилоят дар маҷмуъ то 1 декабри соли 2019-ум 169 миллион сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба авали соли ҷорӣ 14 миллион сомонӣ кам шудааст, – илова кард ӯ.

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли рафта аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи як миллиарду 166 миллион сомонӣ маблағи пешбинишуда 1 миллиарду 177,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 11,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2018-ум 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь