Дар 12 моҳи соли гузашта дар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон наздики 3 ҳазору 797 кас аз сагҳо осеб дидаанд, ки 80 дарсади осебҳо аз сагҳои маълум мебошанд.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков ба “Фараж”иттилоъ дод, ки шумораи осебдида аз сагҳо дар қиёс ба соли 2023-юм 37 нафар кам аст.
Ӯ афзуд, ки 80 дарсади осебдидаҳо аз сагҳои маълум мебошанд ва онҳо саривақт ба воксин фаро гирифта шуданд. Қайд карда шуд, ки хушбахтона, дар ин давра ягон фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Барои несту нобуд сохтани сагҳои дайду ва бе соҳиб аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодоҳо чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон тақрибан ба 2 ҳазор саг шиноснома дода мешавад.
Масъулон яке аз омилҳои зиёд шудани сагҳоро дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва беморхонаҳо ин аз деҳот овардани онҳо аз ҷониби сокинон арзёбӣ карданд.