Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2025 сохтмони нахустин хатти метроро дар Душанбе оғоз мекунад. Дар ин бора дар дафтари матбуоти департамент хабар доданд.
Ба иттилои вазорат, корҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа баҳори соли ҷорӣ анҷом ёфта, баъд аз он тарҳи дақиқи хатти мазкур дар моҳҳои июн-июл оғоз мешавад.
«Хати аввали метро аз канораҳои ҷанубии шаҳр ба марказ ҳаракат карда, дар майдони Сирки давлатӣ ба охир мерасад. Дарозии он 10,5 километр хоҳад буд», – гуфтанд дар вазорат.
Тарҳрезии метро ба шарофати созишномаи моҳи марти соли 2022 миёни вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси ширкати миллии роҳи оҳани Куриёи Ҷанубӣ Ким Ҳан Ёнг имконпазир шуд. Ёддошти тафоҳум рушди инфрасохтори метро дар пойтахтро пешбинӣ мекунад.
Намояндагони вазорат ҳамчунин таъкид карданд, ки роҳандозии метро дар ҳалли мушкилоти нақлиётии Душанбе як қадами муҳим буда, ба коҳиши сарбории роҳҳо ва беҳбуди сифати инфрасохтори шаҳр мусоидат мекунад.