Кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар соли 2024-ум нисбати 249 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд, ки миёни онҳо 4 шахси мансабдор ва 2 шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Парвандаҳо нисбат ба соли 2023-юм 83 ҳолат зиёданд.

Сардори ниҳоди мазкур Мирзозода Маҳмадшариф ба “Фараж” гуфт, афроди қонуншикан ба маблағи 68 ҳазору 836 сомонӣ ҷарима шуда, аз он 64 ҳазору 588 ҳазор сомониаш  ситонида шудааст.

Номбурда афзуд, ки аз 249 қонуншиканӣ 106 ҳолати он дар самти партов мебошад, ки 40 дарсади қонушиканиҳоро ташкил медиҳад. Афроде, ки партовҳои худро дар ҷойҳои номуайян партофтаанд, ба маблағи 24 ҳазор 768 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Мирзозода қайд кард, ки дар ин сол барои буридани дарахтон нисбати 34 нафар санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба мабалағи 12 ҳазору 96  ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. 2 ҳолати дигар  буридани дарахтони сабз ва зарар ба табиат.ба мабалағи 3240 сомонӣ  зарар муайян карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь