Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли 2024-ум 22 майдончаи  варзшӣ, 10 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва як варзишгоҳи марказӣ  барои 10 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насридинзода иттилоъ дод, ки дар соли 2024-ум бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватандӯст 35 иншоот дар соҳаи варзиш бунёд карда шудааст.

Номбурда афзуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Данғара 3, Кулобу Бохтар 2, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Ёвон якададӣ толорҳои варзишӣ, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ёвон як, Бохтар, Фархор ва Носири Хусрав 2-адади, Шаҳритус 3 адад, Ховалинг 5 адад ва Данғара 6 адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ӯ қайд кард, ки  дар ноҳияи Ховалинг ва Кӯлоб 1-ададӣ ҳавзҳои шиноварӣ сохта ба истифода дода шуда, дар шаҳри Норак 1 варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь