Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 57 корхонаҳои хурду бузарги саноатӣ  бунёд гардида, 39 корхона аз фаъолият бозмонда, 71 корхонаи дигар  тамоман фаъолият накарданд.

Сардори Сараёсати агентии омори вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон дар нишасти матбуоти ниҳодаш, ки дируз баргузор гашт, гуфт, омили асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар вилояти Хатлон муфлисшавӣ, набудани ашёи хом ва  фарсудагии таҷҳизот мебошад.

– Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда “Нуриҳои Осиё” дар шаҳри Леваканд, корхонаи “Умед”-и шаҳри Бохтар, “Хишти  Беҳзод”, “Орди рушди Хатлон” ва  дигар корхонаҳо мебошанд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь