Футболбозони то 17-солаи тоҷик барои баргузории бозиҳои санҷишӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ҷамъомади таълимии дастаи яккачини Тоҷикистон аз 15 то 30 март дар шаҳри Даммам идома мекунад.

Раҳматулло Фузайлов, сармураббии дастаи яккачини Тоҷикистон, ба ҳайати даста 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлаварро ҷалб намудааст.

Бояд гуфт, ки баргузории машқҳои таълимӣ ва бозиҳои дӯстона барои омодагии футболбозон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 кӯмак мекунад. Ин мусобиқа аз 15 июн то 2 июли соли ҷорӣ дар Тайланд баргузор мешавад.

Рақибони футболбозони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 30 март, зимни қуръакашии мусобиқа дар шаҳри Бангкоки Тайланд муаяйн мешаванд. Пас аз анҷоми мусобиқа чаҳор дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2023, ки дар Перу доир мешавад, роҳхат мегиранд.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь