“Худ ва наздиконатонро аз сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ СПИД) эҳтиёт намоед!”, “Тандурустӣ неъмати бебаҳост. Барои огоҳии бештар аз саломатиатон ба муаасисаҳои тандурустии маҳали зистатон муроҷиат намуда, аз машварат ва ташхиси вируси одам (ВИЧ СПИД) гузаред. Махфият кафолат дода мешавад!”. Ин ва дигар номаҳоеанд, ки чанд рӯзи охир тариқи паёмак ба телефони сокинони кишвар ирсол мегардад ва миёни мардум сарусадоҳоеро ба бор овардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳадаф аз ирсоли паёмакҳоро баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз ин беморӣ арзёбӣ мекунад.

Директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Сайфиддин Каримов дар суҳбат бо farazh.tj гуфт, нигаронии мардум, ки гӯё гирифторони бемории ВИЧ СПИД (вируси норасоии масъунияти одам-ВНМО) дар Тоҷикистон сол то сол зиёд мегарданд, асоси воқеӣ надорад.

– Мақсад аз ин паёмакҳо иттилоотонии бештари аҳолӣ дар бораи ин беморӣ аст. Баъдан, ҳақи ҳар як шахс аст, ки аз ташхиси беморӣ гузарад ва аз саломатии худ огоҳ бошад. Мо ҳамчун як шахси масъули пешгирии бемории ВНМО ба аҳолӣ ёдрас мекунем, ки дар қатори дигар бемориҳои мавҷуд як маротиба аз санҷиши ин беморӣ низ гузаранд ва аз саломатии худ огоҳ бошанд, – гуфт Сайфиддин Каримов.

Ба қавли ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар хоҳишманд метавонад ба марказҳои саломатии маҳалли зист, инчунин ба дигар муассисаҳои тиббии давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ (МПО), Маркази ҷумҳуриявии мубориза ба зидди беморӣ муроҷиат карда, бо нархи 22 сомонӣ аз ташхиси хун гузаранд.

– Асосан, дар навбати аввал бояд гуруҳҳои осебпазири ҷомеа аз ташхис гузаранд, аммо нафарони хоҳишманди солим низ барои огоҳии бештар пайдо кардан аз вазъи саломатии худ, новобаста аз ҷинсият метавонанд ба ташхисгоҳҳо муроҷиат намоянд. Махфият кафолат дода мешавад. Хизматрасонӣ, ки 22 сомонӣ муқаррар гардидааст, танҳо барои ташхиси якдафъаина мебошад. Агар дар муроҷиаткунанда нишонаҳои ВНМО муайян шавад, ӯ ба қайд гирифта мешавад ва ташхису табобати минбаъда ройгон сурат мегирад. Дар мавриди кӯдакони хурдсол ва ноболиғон табибон тасмим мегиранд. Агар кӯдак доим бемор бошаду ҳарорат кунад ва нишонаҳои ин бемориро дошта бошад, ӯро низ ҳатман бояд аз ташхис гузаронида, сабабҳои беморӣ муайян карда мешавад, – иброз дошт дар идома мутахассис.

Ба гуфтаи Каримов, нигаронӣ аз зиёд шудани сироятёфтагон миёни аҳолӣ назар ба солҳои қаблӣ асоси воқеӣ надорад ва он муътадил аст. Бемории ВНМО бештар дар гуруҳҳои осебпазир ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО теъдоди гирифторони ин маризӣ дар Тоҷикистон 2 ҳазору 336 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 492 нафарашон зан мебошанд.

Ҳамасола якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи ёдбуди шахсоне, ки аз бемории ВНМО фавтидаанд, қайд карда мешавад.

Ба таври анъана дар рӯзи ёдбуд аксияҳо гузаронида шуда, дар кӯчаву хиёбонҳо шамъҳо меафрӯзанд, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба масъалаҳои ВНМО пахш ва консертҳои хайрия баргузор мегарданд.

Яке аз нишонаҳои хотира ва ҳамраъйӣ бо шахсони аз ВНМО зарардида лентаи сурх аст, ки онро соли 1991 рассом Франк Мур кашидааст. Анъанаи дигаре низ ҳаст, ки дар ин рӯз барои поси хотири фавтидагон аз бемории ВНМО дарахтҳои хотира мешинонанд.

Ҳар инсон бояд андеша намояд, ки мубориза ва пешгирии ин вабои аср – бемории ВНМО кори ҳар як фарди ҷамъият мебошад, зеро ҳеҷ кас аз сирояти ин беморӣ эмин буда наметавонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь