Дар шаҳри Душанбе 4-умин мусобиқаи байнулмиллалӣ аз намуди куштии миллӣ – куштигирӣ баргузор мешавад.
Ин мусобиқа 19 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони беш аз 25 кишвари олам иштирок мекунанд. Оғози куштиҳо соати 11 дар назар аст.
Мусобиқаи мазкур дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, рӯи кор омодааст.
Гуфта мешавад, варзишгарон аз рӯи 5 вазн – 65 кг, 71кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг миёни ҳам сабқат хоҳанд кард. Тоҷиистонро дар ин мусобиқа 30 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ғолибони ҳар вазн бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои аввал – 10000, зинаи дуюм – 7000 ва мақоми сеюм 3000 доллар.
Давлати Абдулло
Блоки рекламавӣ