Олимон таърихи анҷомёбии авҷгирии коронавирусро пешгӯйӣ карда буданд, онро боз 7 рӯзи дигар тамдид карданд, ки ба 24 август рост меояд. Имрӯз ОИР “Новости”  дар такя ба изҳороти Донишгоҳи технологӣ ва дизайнӣ Сингапур аз ин хусус иттилоъ дод.

Тамдид кардани ин рӯз бори аввал нест. Қаблан ҳадс мерафт, ки авҷгирии коронавирус дар Русия то 17 август ба охир мерасад. Аз ин пештар бошад, то 12 август гуфта мешуд. Ин навбат ҳам  таърихи муқарраргардида мавқуф гузошта шуд.

Чунон ки муаллифон зикр мекунанд, иваз шудани пешгӯйӣ ба ҳолат ва риояи чораҳои эҳтиётӣ вобастагии зиёд дорад. Тавре омор нишон медиҳад, 3 рӯзи охир сафи нави  гирифторон афзудааст.

Дар навбати худ олимон ба он кишварҳое, ки маҳдудиятҳоро барвақтар бекор карданианд, ҳушдор додаанд, ки ба ҳолатҳои нави сироятшавӣ мувоҷеҳ шуданашон имкон дорад.

Мутахассисон 131 кишварро омӯхтаанд. Барои пешгӯйӣ SIR-модел, модели математикии паҳншавии бемориро истифода бурдаанд. Онҳо мегӯянд, ба ҳама гуна пешгӯйӣ ҷиддӣ ва эҳтиёткорона муносибат кунанд.

Аз рӯйи омори охирон дар ҷаҳон 3 миллион нафар  сироят ёфта, наздик ба 207 ҳазор бемор фавтидааст. Дар Русия 155 ҳазор нафар ба вирус гирифтор шуда, 1500 бемор вафот кардааст. 20 ҳазор бемори дигар шифо ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь