Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон то имрӯз бо 137 донишгоҳи хориҷи кишвар мубодилаи академикӣ барқарор кардааст, аммо дар соли 2019 робита бо 19 донишгоҳ қатъ шудааст.

Ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода дар ин бора дар нишасти хабарии донишгоҳ иттилоъ дод, аммо ҷузъиёти бештар дар бораи сабабҳои басташавии робитаҳоро нагуфт.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин кишварҳо Чин аст, ки феълан олимону донишҷӯёни тоҷик дар он ҷо қарор надоранд.

– Мо қаблан бо автономияи Ӯйғури кишвари Чин ва ҷумҳурии Корея ҳамкории бениҳоят зич доштем ва алҳол ҳам дорем, аммо дар ҳоли имрӯз олимони мо дар кишвари Чин қарор надоранд, – гуфт Гулзода.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафтаи охир бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз 1700 нафар сироят ёфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь