Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз дастгир ва баъдан авф шудани як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино хабар медиҳад. Идиев Илҳомиддин сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи 1-и ВКД ҶТ бо гирифтани пора дар ҳаҷми 128 000 сомонӣ аз ҷониби кормандони агентӣ дастгир шуда буд. Дар ин бора Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 31-уми январ хабар дод.

“Номбурда зимни шиносоӣ бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда ваъда медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ, як манзили истиқоматии дуҳуҷрагиро воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский 50, ҳуҷраи 35, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхур надорад, ба номи охирон қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад”, –  менависад маркази матбуотии ин ниҳод.

Идиев барои анҷом додани кор аз шаҳрванд “А” 128 000 сомонӣ мегирад, вале ягон корро ба итмом намерасонад.

“Оиди ҳолати мазкур нисбати Идиев И.У. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» дар пешбурд қатъ карда шуд”, – хабар медиҳад дафтари матбуотии агентӣ.

Давоми як моҳи охир ин сеюмин ҳолатест, ки ашхоси бо гирифтани пора ба даст афтода мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” аз ҷавобгарӣ озод мегарданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 7-уми сентябри соли 2021 дар асоси пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии ҶТ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь