Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон чорабинӣ баргузор гашт, ки дар он раиси вилоят иштирок карда, кӯдаконро ба ин рӯз табрик кард.
Чорабинии мазкур дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон намоиши афсонаҳои халқӣ, ҳунарҳои дастӣ, ихтироъкориҳои кӯдакону наврасон ҷолиби диққат буд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Дар ин рӯз ба чанде аз хонандагони боистеъдод ифтихорнома ва ба саҳмгузорон дар рушди соҳаи маориф сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.