Раиси ноҳияи Данғара як занро бо ду фарзандаш, ки дар сардиҳои зимистон аз бехонагӣ дар як вагон дар шароити сангине зиндагӣ мекарданд, ба хонаи иҷора таъмин карда, ваъда дод, ки барои онҳо хона бунёд мекунад.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки зане аз ноҳияи Данғара дар дохили вагон бо ду фарзандаш зиндагӣ мекунад ва ҳоло, ки фасли сармост шароити вазнине доранд. Баъди ин бо дастгирии раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Миҷгона Нурова, ки бо ду фарзандаш дар як вагон зиндагӣ мекарданд, ба хонаи иҷора ва маводи ғизову сару либос таъмин шуданд.
Пули иҷораи ин зан аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур пардохт мегардад.
Раиси ноҳия гуфтаст, ки бо гарм шудани ҳаво аз ҷониби мақомот қиъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, барои ин оила манзили истоқоматӣ бунёд хоҳад шуд.