The Guardian бо истинод ба изҳороти сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Мао Нин хабар медиҳад, ки мақомоти Чин тасмим гирифтанд, таҷрибаи фарзандхонии кӯдаконро ба истиснои кӯдакони биологӣ ё фарзандони ӯгай аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ қатъ кунанд.

Сухангӯй сабабҳои ин тасмимро шарҳ надодаст ва танҳо қайд кардааст, ки он ба конвенсияҳои байналмилалӣ мухолифат намекунад. “Мо ба он ҳукуматҳо ва оилаҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд кӯдакони чиниро ба фарзандӣ қабул кунанд, барои ниятҳои нек, муҳаббат ва меҳрубонии онҳо изҳори сипос мекунем”, гуфт ӯ.

Дар тӯли се даҳсола, Чин дар чаҳорчӯби сиёсати қатъии худ – як оила – як кӯдак, ки бисёре аз хонаводаҳоро маҷбур кардааст, аз фарзандони худ даст кашанд, даҳҳо ҳазор кӯдакро ба хориҷа барои фарзандхонӣ фиристод.

Дар ин давра камаш 150 ҳазор кӯдаки чиниро хориҷиён ба фарзандӣ гирифтанд. Оилаҳои амрикоӣ 82,674 кӯдакро аз Чин ба фарзандӣ қабул кардаанд, ки ин шумора бештар аз шумораи ҳамаи бачаҳои ба фарзандӣ гирифта аз кишварҳои дигар аст. Ин мамнуият шуморе аз оилаҳои амрикоиро, ки дар ҷараёни қабули кӯдакон аз Чин қарор доштанд, нигарон кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь