Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар мавсими имсола ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ наздик ба 392  ҳазор дона гули лола шинонидаанд.

Директори корхонаи фаръи давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар» Холмаҳмад Ҳабибов иттилоъ дод, имсол дар шаҳр беш  аз 1 миллион гули  гуногун мешинонанд, ки аз он 391 ҳазор 500 донааш гули лола мебошад. Ин гулҳо ба шукуфтан оғоз кардаанд.

Мавсуф иброз дошт, ҳар дона гули лоларо бо арзиши се сомонӣ харидораанд. Гулҳои дигаро дар гармхонаҳои корхона ва замини назди он парвариш кардаанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь