Зиёда аз 11 ҳазору 100 кӯдак аз муассисаҳои таълимию томактабии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар имсол ба истироҳатгоҳҳои фароғатии дохиливу беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.

Сармутахассисии Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Фаридуддин Сайдахмедов ба “Фараж” гуфт, тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи раиси вилоят ва шаҳр  дар таътили тобистонаи имсола 11 ҳазору 120 нафар кӯдак аз муассисаҳои таълимию томактабии шаҳри Бохтар ба истироҳатгоҳҳои дохиливу беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин шумора нисбати соли гузашта 850  кӯдак зиёд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки  аз ин  шумора 490 нафараш ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, 4 ҳазору 500 нафар ба муассисаҳои томактабӣ, 1 ҳазору 10 нафар ба муассисаҳои таълимӣ, 750 нафар ба муассисаҳои варзишӣ-беҳдоштӣ, 4 ҳазору 200 нафар ба муассисаҳои фароғатӣ-таълимӣ ва 170 нафар ба муассисаҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ ҷалб мешаванд.  Гуфта шуд, ки фарогирии кӯдакон ба истироҳатгоҳҳои назди мактабию томактабӣ оғоз шуда, ҳама шароит барои истироҳату фароғати кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин, ӯ афазуд баъди имтиҳонҳои хатм 490 хонанда ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь