Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2019-ум 37 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ворид гардида, дар назар аст, ки боз таҷҳизоти дигар ворид шавад.
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Ҳомид Абдулҳамидзода гуфт, 37 таҷҳизоте, ки ба беморхона оварда шуд, аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 260 ҳазор сомонӣ харида шудааст.
Ӯ қайд кард, ки беморхона 28 сол аз набудани таҷҳизот танқисӣ мекашид.
– Баъди ворид шудани онҳо муайян намудани бемории маризон аз тарафи табибон осон гардид, – афзуд мусоҳиби мо.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик бо дастгирии Вазорати тандурусӣ боз ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ дастгоҳи рентгении рақамӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда мешавад.
Сардухтур илова кард, ки бинои беморхона ва атрофи он низ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва худи табибон таъмир карда шуд ва ҳоло дар дигар биноҳо таъмир идома дорад.