Бар асари ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Исроил ба навори Ғазза беш аз 230 нафар кушта ва ҳудуди 350 кас маҷруҳ шуданд.
Ба иттилои Axios, тасмими ҳамла ба навори Ғаззаро ҳукумати Бенямин Нетаняҳу гирифтааст. Кушташудагон асосан занону кӯдаконанд. Ҳадафи ҳамлаҳо биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, паноҳгоҳҳо ва хаймаҳо барои оворагон будааст.
Қаблан Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз азсаргирии амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи Ҳамос хабар дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 19-уми январ то 1-уми март дар Навори Ғазза дар чаҳорчӯби тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос оташбас амал мекард. Дар ин муддат 30 гаравгони исроилӣ озод ва ҷасади ҳашт нафари кушташуда супурда шуданд. Ба ивази ин Исроил ҳудуди 1700 маҳбуси фаластиниро, аз ҷумла онҳое, ки ба терроризм маҳкум шудаанд, раҳо кард ва нерӯҳои худро аз дохили Ғазза берун кашид. Ҳамос дар ҳоли ҳозир 59 гаравгонро дар ихтиёр дорад, ки нисфи онҳо расман кушта шудаанд.