Шурӯъ аз 1-уми марти соли равон ҳаракати як қатор хатсайрҳо дар Душанбе тағйир ёфт. Дар ин бора маркази матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, ин тағйирот марбути хатсайрҳое мебошанд, ки мусофиронро то маркази савдои “Кӯшониён” интиқол медиҳанд.

Ҳамин тавр, нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ – бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот сурат гирифт.

Ҳамзамон, ба ҳаракати хатсайри микроавтобусии №19 (маҳаллаи Пахтакор – боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” дигаргунӣ ворид карда шуд.

Маркази матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд, ки ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор – бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурӯдгоҳи кӯҳна – бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21(кӯчаи Гагарин -(ҳалқавӣ), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ – бозори “Кӯшониён” ва №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”) ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь