Дар вилояти Хатлон айни замон 41 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардидаанд, ки маблағи азхудшудаи ин лоиҳаҳо 703,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сардори Раёсати сармоягоузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбонали Қурбонзода гуфт, дар вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида, дар асоси ҳисоботи Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон дар ним соли 2022-юм 43,3 миллион долари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6 миллион доллар зиёд аст.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ ба ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақили хориҷи ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки ба вилояти Хатлон аз 30 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари мабалағҳо ба Русия 38,3 дарсад, Чин 43,2 дарсад, Эрон 17,4 дарсад ва Амоарти Маттаҳидаи Араб 7,4 дарсад рост меояд.