Рӯзи 2-юми март соли ҷорӣ дар  шаҳри Москваи Федератсияи  Русия ҳангоми кор дар сохтмон ба болои Фирӯзи Файзулло,  як ҷавони тоҷики зодаи вилояти Хатлон,  бетон чапа шуда, ба ҳалокат мерасад.

Ҳамкорони Фирӯз  дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ин ҳодиса дар як ширкати сохтмонии шаҳри Москва  рӯзи 2-юми марти соли ҷорӣ рух дод.

Вақте Фирӯзи Файзулло ҳамроҳи як ҷавони дигар,  ки ӯ низ  сокини вилояти Хатлон аст,  кор карда истода буданд, бетон дар болояшон  меафтад. Фирӯз  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, нафари дигар ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷасади муҳоҷири фавтидаро бояд рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш ноҳияи Балҷувон фиристанд.

Барои ҷасади ӯро овардан муҳоҷирони  тоҷик наздики 200 ҳазор рубли руси ҷамъ кардаанд.

Бояд гуфт, ки  рӯзи  26-уми январи соли ҷорӣ   бар асари заҳролудшавӣ  дар вилояти Волгогради Русия ҷасади шаш муҳоҷири тоҷик  пайдо шуда буд, ки   ҳамаи онҳо  зодагони  вилояти Хатлон буданд ва рӯзи 30-юми январ ба ватан интиқол дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь