Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, тасмим гирифтааст, ки маоши якмоҳаи вазифавии худро ба музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии ноҳия гузаронад.

Тавре аз маркази матбуоти раиси ноҳия иттилоъ доданд, Муродзода баъди тасмими президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои дастгирии табибон чунин корро анҷом диҳад. Дар бораи ҳаҷми маоши раиси ноҳияи Айнӣ иттилое дода нашудааст.

Дар ибтидои хуруҷи вирус ҳукумати ноҳияи Айнӣ барои пешгирии коронавирус 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.

Пештар, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи вазифавии худ ва кормандони ВКД 50 дарсади моҳонаи худро ба фонди пешгирии коронавирус гузаронида буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь