Замин, нафту газ — ин захираҳои табиӣсарватҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд, ки сабаби сар задани ҷангу низоъҳо мегарданд. Аммо барои об дар тамоми ҷаҳон хунрезиҳои зиёде ба амал меоянд ва ба фарқ аз захираҳои дар боло зикршуда, об барои зинда мондани инсон зарур аст.

Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва агар дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, то соли 2050 нишондиҳандаи норасоии оби ошомиданӣ 1,5 баробар боло меравад.

Захираи бебаҳо дар тамоми дунё

Дастрасӣ ба об омили муҳимми саломатии аҳолӣ ва яке аз ҳуқуқҳои дахлнопазири ҳар як инсон мебошад. Ва бо назардошти он, ки қариб 70% истифодаи оби тоза ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, бояд дарк кард, ки норасоии об маънои коҳиши дастрасӣ ба ғизоро дорад, яъне таҳдид ба амнияти озуқаворӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, бо сабаби тағирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ об дар тамоми ҷаҳон ба як манбаи камёб табдил меёбад. Ва ин аксар вақт сабаби муноқишаҳои геополитикӣ мегардад – масалан, Миср, Эфиопия ва Судон тӯли солҳои зиёд кӯшиш доранд, дар мавриди тақсимоти об дар дарёи Нил ба созиш оянд, муноқишаи байни ҲиндустонуПокистон низ бо мушкилоти дастрасӣ ба об алоқамандӣ дорад, дарёи Урдун дар давоми чандин даҳсолаҳо сабаби ташаннуҷ байни Исроил ва давлатҳои араб гардидааст. Барои мисол дур рафтан лозим нест – авҷ гирифтани низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон низ бо сабаби дастрасӣ ба захираҳои обӣ ба амал меояд.

Дар чунин вазъият, тааҷҷубовар нест, ки захираҳои обӣ ба як абзори таъсиррасонӣ дар робитаҳои байналмилалӣ табдил меёбанд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тамоми низоъҳое, ки бо иштироки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба амал омада буданд, моликияти захираҳои обиикишварҳои мағлубшуда ба ихтиёри ширкатҳои фаромиллии амрикоӣ гузашта, баъдан ин ширкатҳо ба сокинони маҳаллӣ обро бо нархи гарон фурӯхта, дар ин кишварҳо тиҷорати худро ба роҳ монданд. Ва имрӯз мушкили ҷиддии норасоии об дар Осиёи Марказӣ минтақае, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад, махсусан дар масъалаҳои муқовимат бо Русия,барои Амрико як абзори иловагии таъсиррасонӣ ва дахолат ба корҳои дохилии кишварҳои мост.

Вазъият дар Осиёи Миёна

Биёед муфассалтар таҳлил мекунем, ки то чӣ андоза норасоии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ имрӯз хатар эҷод мекунад. Имрӯз бо сабаби тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ба об ва инчунин, коҳиши ояндаи маҷрои Амударё аз ҳисоби бунёди канали Қуштеппа дар Афғонистон зарурати қатъӣ ба  сарфа кардани об ба миён омадааст. Дар мушкилоти об масъалаи обшавии пиряхҳо диққатимахсусро талаб мекунад – пиряхҳо 6% қаламрави Тоҷикистонро ишғол намуда, 60% тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд. Обшавии босуръати онҳо бар асари тағйирёбии иқлим нигаронии роҳбарияти Тоҷикистонро ба миён овардааст: “Теъдоди умумии пиряхҳо дар Тоҷикистон 13 ҳазорро ташкил медиҳанд, вале тӯли чанд даҳсолаи охир шумораи онҳо ба беш аз ҳазор адад кам шудааст”, – изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Мутахассиси Маркази омӯзиши пиряхҳоиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хусрав Кабутов мегӯяд, ки мушкили норасоии об дар Тоҷикистон таҳлили муфассал ва андешидани тадбирҳои ҳамаҷонибаро талаб мекунад: «Тибқи маълумотҳои Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар амалан танҳо 17-20 фоизи захираҳои обии дар ҳудуди он ташаккулёфта истифода бурда мешавад. Обшавии пиряхҳо як мушкили ҷиддӣ барои тамоми ҷаҳон аст ва Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нест. Мушкили норасоии об дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа мушоҳида карда мешавад: агар сухан дар бораи ноҳияҳое равад, ки аз пиряхҳо ғизо мегиранд, пас ҳангоми обшавии пиряхҳо дар давраи нашъунамо то дами об шудани қисми асосии онҳо(сухан дар бораи даҳсолаҳои обшавии пиряхҳо меравад) афзоиши селоб ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ эҳтимол, аввал обшавии қабати барф ба амал меояд, ки дар натиҷа дар мавсими нашъунамо норасоии намӣ эҳсос карда мешавад ва баъдан ин норасоӣ аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ҷуброн карда мешавад”.

Дар асл, мушкилоти дастрасии об дар Осиёи Марказӣ махсусан мубрам аст ва набояд онро нодида гирифт. Дар робита ба ин, коршиносони Бонки рушди АвруОсиё тадқиқоти “Таъмини оби нӯшокӣ ва обтозакунӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро анҷом доданд ва ин тадқиқот нишон дод, кимушкилот андешидани чораҳои фавриро талаб мекунад. Тибқи маълумотҳои таҳлилгарон, 10 миллион нафар дар Осиёи Марказӣ (ки 1/7 ҳиссаиаҳолии тамоми минтақаро ташкил медиҳанд) ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ин асосан ба аҳолии деҳот дахл дорад, вале ҳамзамон ин мушкилот шаҳрҳои минтақаро низ фаро гирифтааст.

Гузашта аз ин, гап на танҳо сари норасоии ҷисмонии захираҳои обӣ аст, омили муҳимми тезутундшавии вазъ фарсудагии инфрасохтор мебошад. Тӯли солҳои истиқлолият ҳаҷми истеъмоли оби нӯшокӣ дар минтақа ду баробар афзудааст, ки ин сарбории инфрасохторро зиёд намуда, сармоягузории муайянро талаб мекард. Сармоягузории зарурӣ анҷом дода нашуд ва дар натиҷа фарсудашавии инфрасохтор дар баъзе кишварҳои минтақа то 80% расидааст, қариб нисфи об дар шабакаҳои тақсимотӣ талаф мешавад.

Ба ғайр аз талафоти миқдорӣ аз инфрасохтори суст, талафоти сифатӣ низ ба амал меояд: дар натиҷаи фаъолияти инсон ифлосшавии муҳити зист ба амал омада, талабот ба таҷҳизотҳои обтозакунанда меафзояд. Инчунин, бояд гуфт, ки ба андешаи коршиносон, яке аз сабабҳои асосии норасоии оби ошомиданӣ мушкили кадрӣ бо сабаби паст будани самаранокии идоракунӣ мебошад, яънеаз сабаби набуди назорати дуруст ба ҷои пешгирӣкардан лозим меояд, ки бо оқибатҳои он кор кунем.

Барои  бартараф кардани чолишҳое, ки садди роҳи таъмини дастрасии доимии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ мешаванд, сармоягузории калон лозим аст. Аз рӯи ҳисобҳои таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, барои ҳалли мушкилот ва таҷдиди бахши обтаъминкунӣ дар Осиёи Марказӣ дар муддати ҳадди ақал 6 сол ҳамасола 2 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст. Норасоии бештари маблағгузорӣ дар ин бахш дар Ӯзбекистон – 826 миллион доллар дар як сол пешгӯӣ шудааст, дар Қазоқистон ҳудуди 700 миллион доллар дар як сол ва дар Тоҷикистон беш аз 200 миллион доллар дар як сол пешгӯӣ шудааст. Ин маблағи калон аст, вале ба андешаи коршиносон, сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ба рушди назарраси иқтисодиёти минтақа мусоидат хоҳад кард: ба ҳисоби миёна ҳар як доллари сармоягузоришуда дар ҳаҷми 3 баробар зиёд бармегардад.

Чӣ бояд кард?

Барои қонеъ гардонидани талаботҳои молиявӣ дар бахши обтаъминкунӣ коршиносони Бонки рушди Авруосиё истифодаи захираҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояҳои хусусӣ, таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, аз нав дида баромадани сиёсати тарифиро пешниҳод мекунанд.

Маълумоти Бонки ҷаҳонӣ: норасоии об дар Осиёи Марказӣ то соли 2050 25-30%-ро ташкил хоҳад кард.

Маълум аст, ки дар ин бахш ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ зарур аст, зеро қисми зиёди захираҳои обии минтақа фаромарзӣ буда, идоракунии муштаракро талаб мекунанд. Кишварҳои минтақа бояд барои баланд бардоштани самаранокии системаҳои обёрӣ, инчунин, ҷорӣ намудани технологияҳо ва усулҳои муосири идоракунии захираҳои обӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.Ин азнавсозии системаҳои обёрӣ, истифодаи обёрии қатрагӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзиро дар бар мегирад, ки ба кам кардани талафоти об ва зиёд кардани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.

Барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои норасоии захираҳои обӣ моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии об баргузор гардид. Дар он намояндагон аз 70 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд ва изҳороти намояндаи Русия дар бораи омодагии ин кишвар барои мубодилаи таҷриба ва дастовардҳо дар масъалаи обсарфакунӣ, ки имрӯз ин кишвар аз он бой аст, муҳим гардид. Ёрдамчӣ ва намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқлим Руслан Эделгериев дар бораи дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои мо дар самти такмили системаҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ,инчунин, ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ суханронӣкард. Вай ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки дар масъалаҳои коркарди обҳои партов ва баланд бардоштани сифати манбаъҳои обӣ, истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ барои сарфаи об дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати эҳтиёткорона ба об дар ҷомеа якҷоя корбарӣ карда шавад. Русия метавонад бо мутахассисони соҳибихтисос ва ташаккули кадрҳои касбии худ дар ин самт кумак расонад.

Дар Русия лоиҳаи федералии «Оби тоза» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 1183 иншооти обтаъминкунӣ таҷдид карда шуд.

Имрӯз таъмини амнияти обӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ин мушкилот бо мурури замон афзоиш меёбад. Калиди ҳалли он дар обсарфакунӣ аст – ин раванд омилҳои зиёдеро, инчунин, иштироки шарикони ботаҷриба ва боэътимоди байналмилалӣ, ки барои мубодилаи технологияҳову захираҳо ва салоҳиятҳо омодаанд, дар бар мегирад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь