Яке аз хусусияти асосии гуруҳҳои таассубзадаи хурофотӣ он аст, ки онҳо ҳеч гоҳ бинишу назари дигарро қабул надоранд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд то назари хеш ва дидгоҳи якрангу шахшудамондае, ки маншаи ҳазорсолаҳо дорад, онро ҳамчун воқеъият ба сари дигарон бор кунанд. Онҳо чунин вонамуд месозанд, ки гӯё барои ҳама рухдодҳо ва ҳодисаю воқеаҳо ҷавоби ягона доранд ва ҳамаи онҳо пешакӣ муаяйн шуда ва маърифат шуда аст. Он чиро ки натавонанд шарҳу тавзеҳ диҳанд ба он сабабу омилҳои осмониро мансуб медонанд ва онро аз салоҳияти башар берун месозанд. Дар ин ҳолат онҳо нерӯи инсониро як чизи заиф маҳдуд ва нокомил арзёбӣ мекунанд, ки фаҳму дарки ҳамаи ҳаводиси оламро надорад. Чунин тарзи тафаккур боис гардидааст, то ҳазорон сол нафароне, ки аз ҳамин дидгоҳ ба ҳаводис муносибат кардаанд ва онро ҳамчун як воқеияти бебаҳс қабул намудаанд, дар як ҷой пой кӯбанд ва аслан нерӯҳои инсонии хешро ҷиҳати дарку бароварда кардани ниёзҳои башарии хеш равона надоштаанд.

Ҳарчанд ин раванд дар фарҳангҳои гуногун ва тарзҳои гуногун сурат гирифта баъзе аз мардумон барои дарки ҷаҳон ва ҳалли масоили инсониву шинохти воқеият ба улуми табииву риёзӣ рӯй оварда, воқеаву ҳодисаҳоро шинохтаанд ва дар асоси он фанновариҳои гуогунро ҷиҳати бароварда кардани мушкилоти хеш ба миён овардаанд, аммо дар иддае аз фарҳангҳо ва кишварҳо, махсусан гуруҳҳои хурофазадаю таассубгаро илми таҷрибию назарӣ то ҳанӯз чандон ҷойгоҳе надорад.

Ҳамин тавр, дар назди мутаассибони мусалмонӣ низ пешрафтҳои илмию фанноварӣ эътиборе надоранд ва онон бештар кушиш ба харҷ медиҳанд, то ҳамон боварҳои динии хешро ҳамчун асл ва воқеияти ҷаҳон баррасӣ намоянд. Онҳо мутмаинанд, ки илм як чизи нисбӣ ва гумонӣ аст, ки наметавонад ба ҳамаи суолот ҷавобгӯ бошад. Аз тарафи дигар, онҳо хамагуна дастовардҳои илмиро чизҳои маърифатшудаи бовармандӣ арзёбӣ мекунанд ва чунин тавсир медиҳанд, ки гӯё ҳамаи онҳо қаблан дар матнҳои китобҳои бовармандӣ гуфта шуда бошанд.

Мантиқи умумии тарзи тафаккури онҳо чунин дидгоҳеро ба вуҷуд меоранд, ки ба ҷуз аз сарчашмаҳои бовармандӣ ва диние, ки марбут ба онҳост, донистани улуми дигари назарию таҷрибавӣ як чизи бефоида ва дур аз арзишҳои бовармандӣ тавсир карда мешавад. Ҳамин гуна тафсиргароиҳо боиси он мегардад, ки тудаҳои мардум дар донишгирӣ ва тарбияти фарзандони хеш дар рӯҳияи илмомӯзию дарки фанноварӣ ва ҷаҳону ҷомеаи имрӯз аз дидгоҳи илмӣ беэътиноӣ зоҳир менамоянд ва сабаби паст рафтани фаҳму шуури илмӣ дар ҷомеа мегардад.

Гуруҳҳои таассубзадаи хурофабовар маҷмӯи ритуалҳои боврмандии хешро аз ҳама чиз баланд арзёбӣ мекунанд ва моҳияти зиндагии инсониро дар татбиқу анҷом додани ин маросимот медонанд ва чунон таъсире ба тафаккуру андешаи тудаҳои мардум доранд, ки онҳо гумон меварзанд, роҳи асосии ҳалли мушкилот новобаста аз он ки мушкил иқтисодӣ иҷтимоӣ ва ё сиёсӣ бошад, танҳо аз роҳи анҷоми маросимоти боварманд бароварда карда мешавад. Ин тарзи тафаккур сабаб гардидааст, то тудаҳои мардум итминон ҳосил кунанд, асосу бунёди зиндагӣ ба хотири ҳамин ритуалҳои бовармандист. Фаҳмиши мазкур сабаби аҳамияти чандони қоил нашудан ба улуми таҷрибию назарӣ аст. Мардум баръакс ба самти ритуалҳои бовармандӣ аз қабили дуову ниёишу ибодату парастишу фолбиниву ҷодугарию амсоли ин бештар таваҷҷуҳ менамоянд. Вазъияти мазкур сабаб мешавад, то наслҳои баъдие, ки ба дунё меоянд онон низ олудаи ҳамин гуна тафаккур гашта, маҷмӯи имкониятҳои инсонӣ ва роҳҳои ҳалли ақлонию пешбурди ҷомеаи хешро аз даст медиҳанд. Яъне як нафар хурофотиву таасубзада аз модар ба дунё намеояд, балки як ҷомеаи олӯда ба тафаккури хурофотӣ, наслҳои дигарро низ осебпазир мегардонад. Ин раванд сафи гуруҳҳои таассубию хурофотиро дар ҷомеа тарвиҷ медиҳад ва дар маҷмӯъ, ҷомеа ба як ҷомеаи вомонда, бемуқовимат, бетараф, тақдирзадаву фаталист, нигарон ва ноумед аз худ ва ба умеди осмон табдил меёбад. Чунин ҷомеа барои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ як чойгоҳи хубест барои гузаронидани озмоишҳои гуногун, яъне барои мардуми нодону ноогоҳ ҳама гуна озмоишро гузаронидан имконпазир аст, зеро мардуми тавакалзада ва бехабар аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ метавонанд зуд мағзшӯӣ шаванд ва бо камхарҷтарин роҳ онҳоро ба ҳайси як воситаи озмоишӣ ё бароварда кардани ниёзҳои кишварҳои муйаян табдил дод. Ин ҳолат аз нохудогоҳии афроди ҳамин ҷомеа ба миён меояд. Таассубу хурофот намегузорад, ки ҷомеа дар баробари вазъу воқеияти муосири ҷаҳонӣ дарку андеша намоянд. Онҳо бо тарзи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии ҳазорсолаҳо қабл бидуни ҳеҷ як барномаву дурнамо аз роҳи таваккул вориди ҳамагуна ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсӣ мешаванд. Онҳо мутмаинанд, ки ҳар чӣ пеш ояд “ дасти ману домони осмон”. Ин ноогоҳию омода намудан сабаби аслии гирифтори ба ҳазорон мушкилии дигар мегардад.

Аз тарафи дигар, таассубу хурофот мардумонро бештар ба самти дунёи дигар савқ медиҳад, то дунёи муосир. Аксаран аз мубаллиғони боварҳои хурофотӣ дунёи муосир ва зиндагии ин ҷаҳониро пушти по мезананд ва онро ночизу беарзиш арзёбӣ месозанд. Ин  мубаллиғон асоси зиндагӣ ё ба тарзи дигар ҳадафи тамоми амалкардҳои ин ҷаҳониро ба хотири дар дунёи дигар расидан ба саодату хушбахтӣ арзёбӣ месозанд. Ҳамин тафсиргарӣ низ боиси он мегардад, ки аксари тудаҳои мардум ба дунёи воқеӣ, мушкили зиндагонии башар ва дарёфту роҳҳои ҳалли ақлонии он аслан кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Илму дастовардҳои илмиро нодида мегиранд. Кушише ба харҷ намедиҳанд, ки бояд мисли мардумони дигар. Ҷомеаҳои дигар фарзандони онҳо ҳам дар раванди ихтироъ ва кашфу навсозии фановарӣ таъсиргузор бошанд. Онон баръакс имкониятҳои инсонии хешро сарфи расидан ба ҳадафҳои дунёи дигар месозанд ва натиҷа чунин мешавад, ки онҳо наметавонанд аз рӯи ақлу хирад як зиндагии шоистаи хирадмеҳварро дар дунёи феълӣ бисозанд. Ҳарчанд даъво ин ҷо сари вуҷуд ё инкори дунёи дигар нест, вале мутаассифона, нотавонӣ дар сохтмони як ҷомеа ё як зиндагии солиму шоистаи дунявӣ аз вуҷуди як тафаккури догматикию таассубзадаи хурофотӣ берун меояд. Ҳарчанд ба таҳқиқи гуфтаҳои хурофабоварону таассубзадагон назар меафканӣ, чанд ҳолати таноқуз дар амалкардҳои онҳо бисёр равшан аст:

Авваллан, ин ки онҳо бо ин ки ҷаҳонбинии илмию фанновариро як чизҳои беарзиш таллаққӣ медиҳанд, аммо дар аксар ҳолат худашон бештар аз дастовардҳои илмӣ васеъ истифода мебаранд. Ба мисли истифода аз васоили технологие аз қабили компютерҳо, телефонҳои ҳушманд анвои гуногуни автомобилҳо ва амсоли ин.

Дигар ин ки онҳо ҳарчанд зиндагии дунявиро назди авом як чизи беарзиш тафсир медиҳанд, вале аксаран худ аз ин роҳ даромадҳои ҳангуфтеро бо роҳҳои гуногун ба даст меоранд, зиндагии худро соддаву роҳат карда, арзёбӣ ҳам месозанд, ки инро ба онон худо додааст.

Таноқузи дигар ин аст, ки агарчи аксар аз мардумони одие, ки ба гуруҳҳои исломгароии муосир бовар кардаанд ва фикр мекунанд, ки воқеан низоми динсолор ва теократӣ метавонад як ҷомеаи аз лиҳози бовармандӣ ормониро ташкил диҳад, ки он ниёзҳоро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират бароварда созад, вале дар воқеъ агар ба тамоми низомҳои бовармандии мавҷуда дар ҷаҳони муосир назар афканем ҳеч яке аз онҳо натавонистааст ҷомеа ва мардуми хешро ба саодат бирасонад. Баръакс, дар ҳар куҷое чунин низом аст, саркӯбгарӣ, поймол кардани ҳуқуқи инсон, маҳдудият дар озодиҳои шаҳрвандӣ, табъизи ҷинсӣ ва табъизи мазҳабию динӣ дар сатҳи баланд аст. Яъне ин даъвои гуруҳҳои таассубзадаю хурофотӣ, ки бо татбиқи назариёти вомондаи иҷтимоию сиёсии хеш метавонанд мардумро саодатманд созанд, ҳеч гуна асос ва воқеият надорад.

Масъалаи дигар ин аст, ки агарчи таассубзадагону хурофотиён зиндагии дунявӣ ва махсусан низоми зиндагии аврупоиро мавриди таҳқир қарор бидиҳад, вале агар ба воқеияти бархурдҳои ин гуруҳҳо таваҷҷуҳ намоӣ ҳангоме, ки кишварҳои худро тарк месозанд онҳо на ба ҳеч як кишваре, ки дар он низоми теокративу боварманд рӯи кор бошад, паноҳ мебаранд, балки ба ҳамон кишварҳо, ба ҳамон низоми дунявие, ки аслан худ душмани сарсахти он будаанд, паноҳ мебаранд ва ё то ҳол бурдаанд. Мутаассифона, бо ин ҳам то ҳанӯз, дарк накардаанд, ки низоми дунявият чи қадар низоми инсонист ва он воқеан метавонад тамоми ниёзҳои инсониро дар худ ифода намояд ва барои ҳама гуна гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, новобаста аз тарзи биниш, бовару эътиқод, ранги пӯсту нажод ва миллият имконе фароҳам созад, то мардумон дар канори ҳам ба тарзи мусолиматомез тавонанд зиндагӣ кунанд.  Бадбахтӣ он аст, ки бо ин ки иддае аз ҳамин гуна хилофкорҳои таассубзадаву хурофотие, ки дар кишварҳои дунявӣ, махсусан дар Аврупо ҷою мақар пайдо кардаанд, вале то ҳанӯз куҳи яхи таассубу хурофоти андешаи онҳо об нашудааст. Ба онҳо ҳанӯз, ҳамон андешаи ботили асримиёнагии хешро думболагирӣ мекунанд ва ҳанӯз ҳам тавассути расонаҳо ба мардум таассубу хурофот мефурӯшанд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь