Чун анъана, ҳамасола 20-уми сентябр Озарбойҷон Рӯзи нафтчиёнро ҷашн мегирад. Раҳбари миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар бораи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи нафту газ тобистони соли 2001 фармон ба имзо расонда буд.
Айнан дар ин рӯз, яъне 20 сентябри соли 1994, байни Озарбойҷон ва 11 ширкати хориҷӣ (Amoco, BP, McDermott, UNOCAL, SOCAR, «ЛУКОЙЛ», Statoil, TPAO, Pennzoil, Ramco, Delta), ки ҳафт кишвари ҷаҳонро муаррифӣ мекарданд, (Озарбойҷон, ИМА, Бритониёи Кабир, Русия, Туркия, Норвегия ва Арабистони Саудӣ) дар қасри «Гулистон» шартнома оид ба иктишоф, коркард ва тақсимоти саҳмияҳои истихроҷи конҳои Озарбойҷон – «Чираг» ва Чуқурии «Гунешлӣ», ки дар бахши Озарбойҷонии баҳри Каспий ҷой гирифтаанд, ба имзо расид.
Ин аввалин қарордоде буд, ки Озарбойҷони мустақил бо ширкатҳои пешбари нафти ҷаҳонӣ имзо намуд. Барои аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ доштанаш ин созишнома “Шартномаи аср” номида шуд. Ин санад дар ташаккули иқтисоди миллӣ нақши истисноӣ бозид ва аз нуқтаи назари сиёсӣ Озарбойҷон тавонист дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро ишғол кунад. Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳайдар Алиев, Озарбойҷон узви эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, худро ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалӣ нишон дод, кафили амнияти энергетикии Аврупо шуд ва инчунин замина барои пешсафии минтақавӣ гузошт.
Умуман, барои интиқоли нафти Озарбойҷон аз баҳри Каспий ба бозорҳои ҷаҳонӣ лӯлаҳои нафтӣ то 1/10 экватори Замин сохта шуданд: Боку-Новороссийск (1330 километр), Боку-Супса-(833 километр) ва лӯлаи асосии нафти содиротии Боку-Тбилиси-Ҷайҳон (1768 километр).
То оғози соли 2020 барои коркарди қисмати «Азерӣ-Чираг-Гунешли» беш аз 36 миллиард доллар сармоягузорӣ карда шуд, ва аз он 500 миллион тонна нафт, инчунин зиёда аз 40 миллиард метри мукааб гази муомилотӣ истеҳсол карда шуд, ки ба ҳукумати Озарбойҷон супурда шуд.
Бо мақсади самаранок идора кардани даромадҳо аз карбогидридҳо, тақсими одилонаи онҳо дар байни наслҳо ва равона кардани ин маблағҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 29 декабри соли 1999, Хазинаи давлатии нафти Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсис дода шуд. Хазинаи давлатии нафт, ки дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз хазинаҳои шаффофтарини ҷаҳон табдил ёфт, тавассути идоракунии самаранок ва шаффофи маблағҳо, барои наслҳои ҳозира ва оянда даромади молиявии дарозмуддатро фароҳам меорад.
Бояд қайд намуд, ки кони «Шоҳдениз», ки яке аз сарватмандтарин конҳои газ дар ҷаҳон аст, аз ҷониби геологҳои Озарбойҷон дар миёнаҳои асри гузашта кашф шуда буд, аммо бинобар набудани технологияҳои мувофиқ, фаъолияти он қатъ карда шуд, ва иқтидори кон муайян карда нашуд.
Соли 1996 бошад, консорсиуме, ки аз ҷониби Ширкати давлатии нафти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ширкатҳои байналмилалии нафт таъсис ёфта буд, захираҳои бойи газро дар ин кон кашф кард ва натиҷааш аз интизориҳо дида болотар буд. Зеро захираҳои тахминии газ дар кон 1,2 триллион метри мукааб аст. Он яке аз шумораи ками конҳои азимтарини газ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Кашфи солҳои минбаъдаи конҳои Умед ва Абшерон тасдиқ кард, ки Озарбойҷон дорои захираҳои бузурги конҳои газ аст. Ҳамин тавр, дар таърихи сарватхои табиии Озарбойчон сахифаи нав кушода шуд.
20 сентябри соли 2014, дар арафаи бистумин солгарди «Шартномаи аср», дар Сангачал бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва роҳбарони ширкатҳои байналмилалӣ маросими оғози лоиҳаи «Долони гази ҷанубӣ» баргузор шуд.
14 сентябри соли 2017 дар Боку Созишномаи нав дар бораи коркарди муштараки конҳои «Азерӣ», «Чираг» ва қисмати қаъри баҳрии кони Гунешлӣ дар бахши озарбойҷонии баҳри Каспий ва ҳиссаи истеҳсолот ба имзо расид. Ҳамин тариқ, дар азхудкунии қисмати азими конҳои нафти “Азерӣ-Чираг-Гунешли” давраи нав оғоз ёфт.
Имзои “Шартномаи аср” ба марҳилаи нави стратегияи нафти Озарбойҷон замина гузошт. Ин маънои оғози давраи нав дар таърихи Озарбойҷон, кафолати иловагии амнияти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, сармоягузории нав, афзоиши ММД, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии некӯаҳволии иҷтимоиро дорад.
Бояд гуфт, ки 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Измири Туркия маросими ифтитоҳи корхонаи коркарди нафти «Стар» баргузор шуд. Дар маросим сарони давлатҳои Озарбойҷон ва Туркия Илҳом Алиев ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ширкат доштанд. Иқтидори умумии коркарди корхонаи нафтбарории «Стар» 10 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки қобилияти истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ, авиатсионӣ, нафтаи сабук ва дигар маҳсулоти тозашударо дар ҳаҷмҳои гуногун дорад. Ин корхона қодир аст, ки бештари ниёзи Туркияро ба сӯзишвории авиатсионӣ қонеъ кунад.
Соли 2020 бошад, кони “Қарабоғ” ҳамчун аввалин кони нафт дар давраи истиқлолияти Озарбойҷон кашф шуд. Аз рӯи баҳои пешакӣ, захираҳои геологииин кон беш аз 60 миллион тонна нафтро ташкил медиҳанд.
Дар давраи номбаршуда, Озарбойҷон на танҳо таъминкунанда, балки ба як кишвари боэътимоди транзитӣ низ табдил ёфт. Кишварҳое, ки дар соҳили шарқии баҳри Каспий ҷойгиранд, захираҳои карбогидридҳои худро ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути қаламрави Озарбойҷон интиқол медиҳанд. Илова бар ин, ширкатҳои русӣ низ афзалиятро дар интиқоли нафте, ки дар бахши ин кишвар дар баҳри Каспий истеҳсол мекунанд ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути Боку-Тбилиси-Ҷайҳон равона мекунанд.
Озарбойҷон бо Тоҷикистон низ дар бисёр бахшҳо, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт, бахусус дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад ва ин ҳамкорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш аст.
Муносибатҳои Озарбойҷону Тоҷикистон ҳам дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам дар соҳаҳои сиёсиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими ҳамаҷонибаи шарикии байни кишварҳоямон, ки ба ҳамкориҳои дарозмуддат нигаронида шудаанд ва ба манфиатхои хар ду халк ва давлат равона гардидаанд, босуръат пеш рафтаистодаанд. Заминаи мустаҳками онҳо муносибатҳои дӯстона, бародарона ва боъэтимоде мебошанд, ки ба рушди бисёрҷониба нигаронида шудаанд ва кӯшиши мутақобила барои густариши ин ҳамкориҳо ба харҷ дода мешавад.