Ба таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон

Маконҳои серодам ҷои мардумфиребии озодонаи гуруҳе аз қаллобон гаштааст, аммо мақомот гӯё онҳоро намебинад. Чанд сол қабл ба ин монанд як гуруҳ ҷавонони мардумфиреб дар маҳалли бозори “Саховат” (дар макони таксиҳои самти шаҳри Бохтар) фаъолияти “пурсамар” доштанд, ки нафарони соддаву зудбовар, аз қабили донишҷӯёни тоза ба Душанбе омада ва ё муҳоҷирони аз Русия баргашта, “туъмаи” онҳо мегаштанд. Хушбахтона, пас як гузориши видеоии вебгоҳи “Фараж” аз ҷои ҳодиса мақомот даст ба кор шуду аъзоёни гуруҳ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мушоҳидаҳои чанд рӯзи охир нишон доданд, ки гуруҳҳои мардумфиреб ҳоло ҳам дар ҳудуди пойтахт фаъоланду симои Душанбешаҳри азизро доғдор мекунанд. Ин қаллобонро дар маҳалли таксиҳои самти навоҳии Шаҳритусу Қабодиён, ки макони серодам асту аксари мизоҷони “Бозори Корвон” низ аз ин ҷо мегузаранд, (асосан рӯзҳои шанбеву якшанбе) вохӯрдан мумкин аст. Онҳо бо истифода аз “бозии карта” нафарони зудбоварро ба доми худ меафтонанд ва то дирами охирин пулашонро мегиранд. Касе наметавонад ба амали онҳо эътироз кунад, зеро ин гуруҳи ҷиноятпеша хеле хатарноканду ба сари эътирозгар балоҳоеро оварда метавонанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мақомот, ё намояндагони он дар маҳал ба фаъолияти ҷинояткоронаи ин гуруҳ монеъ намешаванд? Ё шояд фаъолияти чунин қаллобони ҷиноятпеша ба манфиати нафари воломақоме бошад, ки эшон то ин дараҷа худро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, даст ба ҷайби мардум мезананд?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь