Тестҳои мусбати коронавирус далели чист?

Ду ҳафтаи охир шикоятҳо дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад ва бисёриҳо натиҷаи ташхиси мусбии тести коронавируси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мекунанд. Вазорати тандурустии кишвар мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар рад мекунад, вале аз ҷониби дигар чораҳои беҳдоштӣ ва назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар менамояд.

Воқеан, вазъ дар кишвар чӣ гуна аст? Натиҷаи мусбати ташхсиси тестҳои коронавируси аҳолӣ аз чӣ дарак медиҳад? “Омикрон” навъи нави коронавирус чӣ нишонаҳо дорад? Оё озмоишгоҳҳои Тоҷикистон имкони шинохти онро доранд? Nuqta.tj кӯшиш намуд, ба ин суолҳо посух дарёфт кунад.

 Таби баланд, дарди гулӯ ва устухонҳо нишонаҳои “Омикрон”

Шурӯъ аз аввали моҳ зукоми номуайяне бо нишонаҳои ғайриоддӣ тақрибан дар саросари кишвар гаштугузор мекунад. Одамони зиёде бо узви оилаашон пайи ҳам бемор мешаванд.

Мутахассисони Вазорати тандурустӣ инро ба зукоми мавсимӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Аммо сокинон мегӯянд, ин зуком дигар аст: он нисбат ба солҳои қаблӣ шадидтар буда, аломатҳои мухталиф ва фарқкунанда дорад.

Бисёре аз беморон аломатҳои навъи нави коронавируси “Омикрон”-ро мебинанд, ки табибон ва мутахассисони дигар кишварҳо тавсиф мекунанд. Аз ҷумла, сокинон аз дарди шадиди сар, устухонҳо, кам шудани овоз, дарди гулӯ, табларза ва хастагиву беҳолӣ шикоят мекунанд.

Воқеан, духтурон таъйид мекунанд, ки ин нишонаҳо ба “Омикрон”-навъи нави коронавирус, ки аллакай дар бештар аз 110 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст, монанд аст.

Коршиноси риштаи вирусшиносӣ ва мушовири байналмилалии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Ораш Алоӣ дар суҳбат бо мо гуфт, нишонаҳои ин вируси навъи “Омикрон” асосан беҳоливу бемадорӣ, обравии бинӣ, гулӯдард, бадандард, баландшавии ҳарорати бадан, дар баъзе шахсон сулфа мебошад.

– Ҳар нафаре, ки ба ин нишонаҳои вирус гирифтор мешаванд, бояд на камтар аз 10 рӯз дар як утоқи алоҳида саломатии худро барқарор созанд. Пайвандони бемор дар ин муддат бояд робитаро бо шахси гирифтории вирус анҷом надиҳанд ва аз ниқоб истифода бурда, тирезаҳои хонаи худро боз монанд, – гуфт ин коршиноси риштаи вирусшиносӣ.

 “Омикрон” чӣ вирус аст ва аз куҷо пайдо шуд?

Омикрон номи вируси наву тағйирёфтаи СOVID-19 аст, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Олимон аз афзоиши ангезандаҳо дар протеинҳои сатҳи ин вируси такомулёфта нигаронанд, ки бемории COVID-19 бармеангезад. “Омикрон” назар ба навъҳои дигари коронавирус зудтар паҳн мешавад, вале ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, хатари фавт аз он камтар аст.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, штамми Омикрон  дар беш аз 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, ки Тоҷикистон бо онҳо парвозҳои мустақим дорад, пайдо шудааст. Аз кишварҳои минтақа Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон кашфи “Омикрон” дар худ расман тасдиқ кардаанд.

 Натиҷаҳои мусбии коронавирус нишонаи чист?

Дар ҳоле ки масъулини Вазорати тандурустӣ вуҷуди  коронавирусро дар кишвар рад мекунад, шаҳрвандон қариб ҳамарӯза натиҷаи мусбати ташхиси тести коронавируси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мекунанд. Ташхисгоҳҳои шаҳри Душанбе ҳам ин шабу рӯз серодам аст.

Ду ташхисгоҳ дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо расонаҳо даҳҳо мавриди гирифторӣ ба COVID-19 – ро тасдиқ намудаанд.  Мисоли он тестҳои мусбии шаҳрвандон аст, ки аллакай ба даҳҳо адад расидааст.

Рӯзи 16 январи соли равон рӯзноманигор Уктам Рӯзиев бо нашри акси ташхиси мусбати коронавирусаш дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки дар вуҷуди ӯ коронавирус ошкор шудааст.  Ӯ ду рӯз пеш аз ин бо нашри ҳароратсанҷ гуфт, ки ҳарораташ аз 38 баланд аст ва худашро хело бад эҳсос мекунад.

Ҳамчунин, рӯзноманигор Зебо Тоҷибоева дар “Фейсбук” навишт, ки аввал духтараш бо нишонаҳои коронавирус бемор шуд ва баъдан аъзои дигари хонавода худро бад ҳис карданд.

Ҳамин тариқ расонаҳои дигар низ бо нашри натиҷаи мусбати тестҳои коронавирус навиштанд, ки шаҳрвандон ба коронавирус мубтало шудаанд, вале мақомот вуҷуди вирусро дар кишвар тасдиқ намекунанд.

Сарфи назар аз натиҷаҳои ташхис, ки сирояти бемориро ба сокинон тасдиқ мекунад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад мекунад.

“Дар ҷумҳурии мо ягон бемории коронавирус вуҷуд надорад. Чӣ гуна метавонад штамми“Омикрон”ошкорва ба қайдгирифта шавад? Дар сурати ошкор шудани коронавирус мо дар ин бора ба аҳолӣ расман хабар медиҳем», – гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Ин бори аввал нест, ки Вазорати тандурустӣ мавҷудияти коронавирус ва мавҷҳои навро дар кишвар комилан рад мекунад. Дар ибтидои пандемияТоҷикистон мавҷудияти коронавирусро танҳо пас аз як моҳ пас аз паҳншавии беморӣ, марги мармуз, бемористонҳо пур аз беморони гирифтори пневмония эътироф кард. Ин як рӯз пеш аз сафари комиссияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар кишвар буд.

 Чораҳои беҳдоштӣ пурзӯр шуданд

Радди гирифторони коронавирус дар ҳолест, ки мақомот назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ пурзӯр намудаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, гуфт, мусофирон пеш аз сафар ба Тоҷикистон тест месупоранд, вале баъди расидан ба фурудгоҳ дубора аз ташхис мегузаранд.

“Одамон рафтуомад доранд. Парвози ҳавопаймоҳо ба давлатҳои дигар, бахусус ба Аврупо (тавассути Туркия ва Дубай) то ҳол баста нашудаанд. Ба ҷуз ин, ҳавопаймҳои ширкатҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ба Тоҷикистон аз давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия ва Ӯзбекистон омада истодаанд,” – афзуд Наврӯз Ҷаъфаров.

Дар баъзе муассисаҳои таълимии пойтахт аз донишҷӯён ва кӯдакон талаб карда мешавад, ки ниқоб дошта, бо худ антисептик дошта бошанд. Аз кормандони баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дархост карда шуд, ки муваққатан дар хона кор кунанд, чораҳои эҳтиётӣ андешанд ва ба таври зарурӣ ба ҷойҳои серодам сафар накунанд.

Дар минтақаҳо низ чораҳои пешгирикунанда пурзӯр карда мешаванд. СЭС-и вилояти Суғд дар изҳороти расмии худ аз кашфи штаммҳои нави коронавирус дар кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ карда, аз сокинони вилоят даъват кардааст, ки ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва эмкунӣ гузаранд.

Дар Тоҷикистон ташхисгоҳҳои мустақил омори ошкор шудани гирифторӣ ба COVID-19-ро мустақим ба Вазорати тандурустӣ мефиристад. Ҳанӯз маълум нест, ки чаро Вазорати тандурустӣ дар пахши омори нави гирифторони COVID-19 таъхир дорад. Вале бархе духтурони тоҷик бо ишора ба навъи нави коронавирус дар ҷаҳон мегӯянд, омӯзиши штаммҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон як кам мушкилтар аст. Чунки озмоишгоҳҳо ба таври лозимӣ омода нестанд.

Тавсияи табибон чист?

Доктор Ораш Алоӣ барои табобати бемории корнавирус аз ҷумла, навъи ҷадиди он «Омикрон» тавсия дод, ки аҳолии Тоҷикистон аз доруҳои анибиотикӣ ва зиддивирусӣ истифода набаранд, чун ҳеҷ дармоне намебахшанд.

«Дар ҳолати тасф доруи «Паратсетамол» ва доштани сулфа дору барои сулфаро истъмол намоянд. Дар ҳолате, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷаит намоянд», – гуфт Алоӣ.

Ӯ гуфт, ки навъи ҷадиди  «Омикрон» бошиддат паҳн мегарданд ва нафароне, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ, дарунравӣ, резиши оби бинӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷиат намоянд.

«Ҳар фарде, ки чунин нишонаҳоро дар худ эҳсос мекунанд, новобаста аз он, ки аз ташхис гузаштааст ё на, ба шифохона муроҷиат намоед. Онҳое, ки ин нишонаҳоро сабук доранд дар хона бимонанд», – мегӯяд ӯ.

Ҳамзамон ин пизишк тавсия медиҳад, ба ҷуз бастани ниқоб, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастон ва зуд-зуд ҳавои хонаро тоза кардан, сокинон ҳамчунин бояд ҳатман ду воя ваксина бигиранд, ки роҳи асосоии пешгирии беморист, чун ин навъи ҷадид хеле сареъ паҳн мегардад.

 Мазҳаб Ҷумъа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь