Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд”. Роҳбари шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода Ибодуллоев Зоирҷон Ҳомидович мегӯяд, ки “ин фармудаи Пешвои муаззами миллат барои кормандони тандурустӣ дастур ба самти рушди соҳа гардида, ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем”.
Бояд ёдовар шавем, ки бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи мазкур Ибодуллоев Зоирҷон Ҳомидович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар идомаи суҳбат роҳбари шабакаи мазкур изҳор дошт, ки Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҳар як узви ҷомеа реҷаи фаъолият ва зиндагиро барои оянда муайян ва мушаххас мегардонад. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ, дар санаи 28.12.2023 боз як бори дигар собит карданд, ки масоили иҷтимоии ҷомеа таҳти эътибори ҷиддӣ қарор дорад ва дар ин хусус иброз доштанд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Ин таъкиди Сарвари давлат барои кормандони тандурустии шаҳри Турсунзода чароғи роҳнамо ба самти рушди соҳа гардида, мо кормандони соҳаи тибро муваззаф менамояд, ки масъулиятшинос бошему барои таҳкиму татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлатамон саҳми арзанда гузорем.
Фаъолият ва сохтор
Номбурда қайд кард, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ робитаи нахустини шаҳрвандон бо мутахассисони соҳаи тиб оид ба хизматрасонии тиббӣ буда, ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд. Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳрвандон метавонанд хизматрасонии бисёрҷонибаи тиббӣ гиранд.
Имрӯз шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, нақшаи кории шабака барои соли 2024, ки дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст ва дигар асноди дахлдор фаъолияти худро ба роҳ монда, дар заминаи 1 маркази саломатии шаҳр бо 9 шуъба, (5 шӯъбаи тибби оилавӣ, соматикӣ, ҷарроҳӣ, барқароркунӣ, ташхис), 28 маркази саломатии деҳотӣ ва 50 адад бунгоҳи тиббӣ ба 341270 нафар (нисбати 334204 нафари соли гузашта) аҳолии шаҳри Турсунзода хизмати тиббӣ мерасонад.
Муассисаҳои шабакаи КАТС бо Консепсияву Қонунҳо, 3 стратегия ва бо 11 Барномаи соҳаи тандурустӣ фаъолият менамояд.
Бунёдкорӣ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар давоми соли 2024 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Турсунзода, шарикони рушд ва бо дастгирии соҳибкорон бинои иловагии Маркази саломатии деҳавии “Чинор” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Чинор ва бунгоҳи саломатии “Кубир” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев, деҳаи Боботоғ аз нав таҷдид гардида, сохта ба истифода дода шуд.
Бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳр ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои асосии Шабакаи КАТС таъмиру азнавсозӣ гардида, бо сифати баланд қисмати беруна рангубор карда шуд. Ҳамзамон, пеши бинои марказ сафолатпӯш карда шуд.
Шумораи аҳолӣ ва хидматрасонӣ
Чӣ гунае, ки ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат афзуд, қайд кардан бамаврид аст, ки аз 341270 нафар аҳолии шаҳр 173325 (50,7%) нафарашонро мардон, 167945 (49,3%) нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Кӯдакони синни то 18-сола 144957 нафар буда, 42,4%-ро дар бар мегирад. Занони қобили таваллуд 82976 нафар (24,3%) ва сокинони аз 60-сола боло23284 нафарро (6,8%) ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои шабакаи КАТС барои ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ ва ташриф ба хона ҳамагӣ 1,216,620 нисбати 1,138,566 нафарро ташкил мекунад, аз онҳо ба ташрифи духтурон 341564 4нисбати 323933 нафар, дар қабул 157828 нисбати 146761 нафар, дар хона 183736 нисбати 177172 нафар, ба ташрифи ҳамшираҳои шавкат бошад, 875056 нисбати 814633 нафар, аз он дар қабул 59240 муқобили 57422 нафар, дар хона 815816 муқобили 757211 нафар мебошад. Муроҷиат нисбат ба соли гузашта 78054 нафар зиёд мебошад.
Базаи кадрӣ
Номбурда тазаккур дод, ки самарабахшии захираҳои кадрӣ омили асосии пешрафт дар самти хизматрасонии тиббӣ мебошад, ки он аз тахассуснокӣ ва ҷобаҷогузории онҳо вобаста мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои тиббии КАТС-и шаҳр 934 нафар машғули кор мебошанд. Аз онҳо 171 нисбати 170 нафар табибон, аз онҳо 72 нафар табиби оилавӣ ва 570 нисбати 570 нафар кормандони миёнаи тиб, аз онҳо 320 нафар ҳамшираи оилавӣ, 136 нисбати 136 нафар фаррош ва 57 нисбати 61 нафар кормандони ғайритиббӣ кору фаъолият менамоянд. Дар 6 моҳаи соли ҷорӣ ҳамагӣ 51 нафар ба кор қабул шуда, 25 нафар аз кор озод гардиданд. Аз онҳо табибон 4 нафар ба кор қабул шуда, 2 нафар аз кор озод гардиданд, ҳамшираҳо 40 нафар ба кор қабул шуда, 18 нафар аз кор озод карда шуданд.
Назорати маъюбон
– Мувофиқи банди 14-и нақша оид ба назорати маюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти солимгардонии онҳо, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Иштирокчиёни садамаи Чернобил 74 нафарро ташкил мекунад. Аз онҳо 51 нафар маъюб мебошанд. Иштирокчиёни ҷанги интернатсионалии Афғонистон 321 нафарро ташкил мекунад. Ба онҳо мунтазам хизматрасонии тиббии ройгон расонида мешавад. Дар шаҳр 1 нафар иштирокчии 16 Шӯрои Олӣ истиқомат намуда, мунтазам хизматрасонии тиббӣ расонида, дар таҳти назорат қарор дорад, – қайд кард номбурда.
Солимии кӯдакон ва наврасон
Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми октябри соли 2018 таҳти №994 «Дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти хатна» Дар давраи ҳисоботӣ дар КАТС ҳамагӣ 215 (184 соли 2023) амалиёти хатна гузаронида шудааст. Аз онҳо то 20 рӯза 0 нафар (0 нафар соли 2023), аз 20 рӯза то 6 моҳа – 41 нафар, (26 нафар соли 2023), аз 6 моҳа то 3 сола – 154 нафар (136 нафар соли 2023) ва кӯдакони аз 3 сола боло – 20 нафар (22 нафар)-ро ташкил мекунад.
Дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода аз рӯи нақша як ҳуҷра дар Маркази саломатии шаҳр ҳар рӯз амал намуда ва 9-ҳуҷраи хатна дар Марказҳои саломатии деҳотӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва дорувории лозима ташкил карда шуда, дар МСД-ҳо амалиёти хатнаи кӯдакон тибқи нақшаи таъсисгардида гузаронида мешавад. Гурӯҳи сайёр бо мутахассисони ҷарроҳи кӯдакона, уролог ва озмоишгарҳо, ҳар моҳ ба маъмурияти муассиса ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Хизматрасонии тиббӣ ба наврасон: Дар шаҳр ҳамагӣ 27419 нафар наврасон нисбати 26441 нафар (дар соли 2023) истиқомат мекунанд. Наврасони синни 15-17 сола 17256 нафар буда, 8923 нафарашонро писарон ва 8333 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Наврасони синни 18-19 сола 10163 нафар буда, аз онҳо 5235 нафарашонро писарон ва 4928 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Хизматрасонии тиббӣ ба наврасони шаҳр низ мувофиқи нақшаю чорабиниҳои пешбинишуда ба амал омада истодааст.
Гузаронидани маърӯза ва семинарҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни наврасону кӯдакони мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Турсунзода, оид ба пешгирӣ намудани рафтори номатлуб ва хатарнок дар байни онҳо, аз қабили алоқаи шаҳвонии бармаҳал, тамокукашӣ, майпарастӣ, алоқаи ҷинсии беҳимоя, нашъамандӣ ва худкушии наврасон мувофиқи нақша ба амал омадаи стодааст. Фоизи истифодабарии машруботи спиртдор ва маводи нашъадор дар байни наврасон расман то ҳол дар шаҳр касе аз наврасон дар қайди омор сабт нашудааст.
Иҷрои барнома
Инчунин, роҳбари шабака дар ҷараёни суҳбат афзуд, барномаи миллии солими репродуктивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон барои солҳои 2023-2027. Кормандони муассисаҳои шабакаи КАТС ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои Барномаи мазкурро ҷоннок намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии ҳамли номатлуб, пешгирии таваллуди тифли маъюб, тарзи ҳаёти солим дар байни занҳои қобили таваллудро ба роҳ мондааст. Дар 6-моҳаи соли 2024 ҳамагӣ 4610 – нафар ҳомиладорон, (4415 – 2023 сол) ба қайд гирифта шуданд. Аз онҳо то 12 ҳафта 4084- нафар, нисбати соли гузашта 3949-нафар (89,4%) ба кайд гирифта шудаанд.
Айни замон 5428 (5210 соли 2023) нафар зани ҳомиладор дар қайд мебошанд.
Дар асоси фармони ВТҶТ аз 24.12.12. с №637 «Дар бораи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани занҳои ҳомила» аз тарафи мутахассисони шабакаи КАТС гузаронида мешавад. Иҷроиши барнома 88 % мебошад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо таҳти №51 аз санаи 27 феврали соли 2021 тасдиқ гардидааст. Дар ҷаҳон айни ҳол ба муқобили 30 намуди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ваксина пешниҳод шудааст ва имрӯз дар кишвари мо бар зидди 12 намуди бемориҳо эм гузаронида мешавад, ки бо ин усул хатари авҷгирии бемориҳо пешгирӣ мешаванд.
Эмкунӣ зидди бемориҳои фалаҷ, зардпарвини вирусии намуди-В, сил, сулфакабутак, гулӯзиндонак, бемории гемофиллияи типи В, кузоз, пневмакок, сурхча, гулафшон ва баногушак дар шаҳри Турснузода мутобиқи синни соли тақвими милли эмгузаронӣ бо маром идома дошта, то имрӯз иҷроиши барнома ба 96,2 %иҷро гардидааст.
Ҳамаи муассисаҳои тиббие, ки бо барномаи эмкунӣ сару кор доранд, мунтазам бо ваксинаҳои баландсифат, сӯзандоруҳо, қуттиҳои бехатар, ҳуҷҷатҳои ҳисобот (журналҳои қайди эмкунӣ, шаклҳои 2Б (ҳисобот оиди эмкунӣ), шаклҳои 63 таъмин шуда истодаанд.
Садоқат ба касб
Мавсуф изҳор дошт, ки баҳри пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ, муолиҷа, паст намудани фавт ва барқароркунии саломатии беморони диабети қанд дар шаҳри Турсунзода тибқи фармони роҳбар духтури масъул таъин гардида, духтурони оилавӣ ва соҳаҳои маҳдуд ба монанди духтурони ғадудшинос, ҷарроҳ, асабшинос ва духтури чашм фаъолият менамоянд. Ҳангоми гузаштани курсҳои тибби оилавӣ муаллимон ба духтурон-курсантҳо курси ҳатмии бемориҳои эндокринологӣ мегузаранд, ки ин такмил додани дониши духтурон дар ин соҳа мебошад.
Дар қайди диспансерӣ бо бемории қанд 2262 нисбати 1780 нафар бемор меистанд. Дар 6 моҳи аввал ҳамагӣ 570 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудааст.
Аз онҳо бо намуди II – 2147нисбати 1666 нафар бемор; Аз он ҷумла намуди I- 76 нисбати 75 нафар бемор; Наврасон – 7 нисбати 7 нафар бемор; Кӯдакон – 32 нисбати 32 нафар бемор; Беморони инсулинталаб ҳамагӣ – 446 нафар.
Ҷиҳати иҷрои банди 35-и нақшаи корӣ оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2009, №587 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар оғози сол ҳамагӣ дар таҳти назорати «Д» – 814 нафар бемор буданд. Дар давоми соли ҷорӣ ҳамагӣ 60 нафар беморони гирифтори бемории саратонӣ ба қайд гирифта шуд. Аз онҳо 20 нафар мард ва 40 нафар зан мебошад. Дар соли ҷорӣ 19 нафар бемор бо сабаби фавтиданашон аз қайд бароварда шуданд, аз онҳо 7 мард ва 12 нафарашон занон мебошад. Айни замон 855 нафар (578 зан, 277 мард) бемор дар қайд истоданд. Нисбати онҳо хизматрасонӣ мутобиқи тартиботи муқарраршуда идома дорад. Беморони гирифтори бемориҳои саратонӣ аз ҷониби КАТС ройгон бо маводҳои дорувории бедардкунӣ таъмин карда мешаванд.
Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бо максади пешгирӣ, ташхису табобат ва паст намудани сатҳи фавт ва баркарорсозии бемориҳои Нуқсони модарзодии дил. Дар қайди диспансерӣ 196 нафар кӯдакони синни то 18 сола бо НМД қарор доранд. Дар давоми 6 – моҳи соли 2024 -3 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби онҳо 76 нафарашон ҳолати баъди амалиёти ҷарроҳӣ мебошанд. Дар шабакаи КАТС кӯдакони бо нуқсонҳои модарзодии дил аз тарафи шахси мутасадӣ сари вақт ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамаи онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дошта, инчунин тайёрӣ ба ҷарроҳӣ ва назорати пас аз ҷарроҳӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бурда мешавад.
Ғамхорӣ ба дардмандон
Номбурда қайд кард, ки ҷиҳати саривақт иҷро намудани барномаи мазкур тибқи нақшаи тартибдодашуда дар МСШ шахси масъул оид ба татбиқи барнома вобаста карда шуда, мунтазам ҷаласа ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Айни замон дар шаҳр 5411 нафар беморони гирифтори фарбеҳӣ дар таҳти назорати духтурони оилавӣ ва духтурони ғадудшинос қарор доранд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 573 нафар беморони бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 2781 (51,4%) зан ва 2630 (48,6) мард мебошад. Баҳри пешгирӣ ва дарёфт намудани бемории фарбеҳӣ дар Маркази саломатии шаҳр ҳуҷраи биокимёвӣ фаъолият менамоянд, ки дар он таҳлилҳои холестерин ва қанди хун муайян карда мешавад. Илова бар ин, бо мақсади дарёфти саривақтии беморони фарбеҳӣ дар тамоми муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳр ва дар ҳуҷраҳои тодухтурӣ вазни бемор муайян карда шуда, сипас барои маслиҳат ва табобат ба табибон роҳхат дода мешавад.
Вобаста ба истеъмоли меъёри ғизои солим бошад, аз тарафи табибони оилавӣ ва маҳдудихтисос ҳангоми қабул ва ташриф ба хона, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад.
Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол дар муассисаҳои таълимӣ дар бораи фарбеҳӣ ва истифодаи ғизои солим дар байни 2880 нафар хонандагон ва омӯзгорон 11 маротиба суҳбат ва машваратҳо гузаронида шуд.
Дар фароварди суҳбат номбурда изҳор дошт, ки маъмурияти шабакаи КАТС кӯшиш менамояд, ки дар татбиқи Барномаи миллии “ Пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода барад. Иҷроиши ин барнома дар 6 моҳи аввали соли 2024 ба 93 %-ро аз рӯи нақша ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, мо кормандони тиб талош мекунем сари вақт бо сифати баланд ба мардум хидмат расонем ва вазифаи ҷонии худро иҷро намоем ва инчунин, мекӯшем барои пешрафти соҳаи тиб дар кишвар бо донишу садоқат ба касби хеш саҳми худро гузорем.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ