18-уми сентябр бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» ба шаҳри Бохтар ташриф овардем. «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» яке аз таълимгоҳҳои машҳур ва калонтарани тиббӣ дар вилояти Хатлон буда, 16-уми марти соли 1999 таъсис ёфтааст.
Аз суҳбат бо Директори МТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» Мӯсоев Иброҳим Исматович маълум шуд, ки айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 222 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки 144 нафарашон омӯзгорони асосӣ буда, 66 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар соли хониши нав ба Коллеҷи тиббӣ 6-нафар омӯзгорони асосӣ ба кор ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 4-нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошанд. Аз ин шумора 8 нафар устодон «Аълочиёни тандурустӣ», 6 нафар «Аълочиёни маориф», 1 нафар номзади илми тиб, 2 нафар дорои Медали шафқат буда, инчунин миёни устодон, дорандагони Ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёданд.
Дар муассисаи мазкур шакли таълим рӯзона ва шабона буда, дар соли таҳсили 2020-2021 дар он 3706 (дар Коллеҷи тиббӣ- 2440 нафар, шуъбаи шабона 514 нафар ва гурҳҳои мақсаднок – 752 нафар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1976 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ, 1679 нафар ва дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Соли равон 923 нафар бо супоридани атестатсияи хатм Коллеҷи тиббиро хатм намуданд (781 нафар шуъбаи рӯзона ва 142 нафар шуъбаи шабона). Шумораи умумии хатмкунандагон дар якҷоягӣ бо гуруҳҳои мақсаднок 1322 нафарро ташкил медиҳад.
Факултаҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳо
Дар Коллеҷи тиббии Бохтар 4 факулта – Факултети кори табобатӣ, Факултети кори момодоягӣ, Факултети кори ҳамширагӣ ва Факултети кори фарматсевтӣ ва 8 шӯъба – 7 шуъбаи рӯзона ва 1 шуъбаи шабона (кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ) амал намуда, бо ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд:
- Шуъбаи кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори тиббию-ташхисӣ бо тахассуси лаборант (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори тиббию-профилактикӣ бо тахассуси ёрдамчии табиби гигиенист (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори дандонсозӣ бо тахассуси техники дандон (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
- Шуъбаи кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
- Гуруҳҳои мақсаднок дар 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мутахассисонро бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ) омода менамояд.
- Шуъбаи шабона аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва кори фарматсевтӣ (муҳлати таҳсил 3 сол).
Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” инчунин, 13 гуруҳҳои иловагӣ дар шуъбаҳои амалкунанда фаъолият мекунанд.
Кафедраҳо
Айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 8 кафедра – Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ, Кафедраи момоӣ, Кафедраи тибби биологӣ, Кафедраи фарматсевтӣ, Кафедраи забонҳо, Кафедраи ҷарроҳия ва кори ҳамширагӣ, Кафедраи тибби оилавӣ, Кафедраи амрози даруна ва кӯдакона фаъолият менамояд, ки таълиму тарбия тавассути кафедраҳои мазкур ҳаматарафа назорат карда мешавад. Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Омӯзгорони кафедраҳо бо корҳои илмӣ машғул буда, алҳол 5 нафар ҷӯяндаи рисолаи номзадӣ мебошанд. 3 нафар таҳсили худро дар аспирантура давом дода истодаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ,омӯзгорони коллеҷ мунтазам дониши худро сайқал дода, дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо пешниҳод намудани маърӯзаҳо ширкат меварзанд.
Саромӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва табии риёзӣ Раҷабова П. Ҳ. дар санаи 5-уми феврали соли 2020 дар конфронси илмӣ- амалӣ, ки дар Донишкадаи Энергетикии вилояти Хатлон баргузор гардида, иштирок ва баромад намуда бо Ифтихорноми Раёсати кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Хатлон мукофотонида шуд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 Коллеҷи тиббӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва бозори байналмиллалии таҳсилот – ба низоми нав, низоми таҳсилоти кредитӣ гузашт.
Синфхонаҳо, кабинетҳои таълимӣ ва лабораторияҳо
Омӯзиши мо нишон дод, ки дар Коллеҷи тиббӣ 116 синфхона мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бисёрии машғулиятҳо бо истифода аз онҳо гузаронида мешаванд. Дар кафедраҳои ҷарроҳӣ, момоӣ, тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ, химия, тибби биологӣ, кори ҳамширагӣ дар терапия ва педиатрия, фармакология, машғулиятҳо ба тариқи дарс-лексия ташкил карда шудааст. Бо гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот қариб дар ҳамаи кафедраҳо дар миқдори зиёди фанҳо дарс-лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ барои гузаштани лексияҳо омода карда шуданд.
Дар соли хониши нав ба Коллеҷи тиббӣ 15-адад компютер, 20 адад ноутбук, 11 – доскаи электронӣ ва таҷҳизотҳои нави таълимӣ аз ҷумла: 526-адад курсӣ, 268-адад миз, 10-адад ҷевони китобмонӣ ворид карда шуда, дар давоми сол 1038 китобҳои таълимӣ, тахассусӣ ва 187-адад китобҳои бадеӣ ба коллеҷ ворид карда шуд. Дар таътили тобистона ошёнаи якум ва дуюми бинои таълимӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо мизу курсиҳои нав таъмин карда шуд.
Дар коллеҷ маркази тестӣ ташкил карда шуда, муттамарказонида шудааст.
Дар коллеҷ ду лаборатория барои шуъбаи кори дандонсозӣ амал менамояд ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ таҷҳизонида шудааст. Машғулиятҳои қаблиамалӣ аз фанҳои технологияи сохтани протезҳои бюгелӣ, муқимӣ ва ғайри муқимӣ дар ин лабораторияҳо бо роҳбарии устодон гузаронида мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар кафедраи химия лаборатория ташкил карда шавад.
Забономӯзӣ
Дар Коллеҷи тиббӣ Кафедраи забонҳо фаъолият менамояд. Айни ҳол 5 нафар омӯзгорон аз фанни забони англисӣ ва 7 омӯзгор аз фанни забони русӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Ҳамаи омӯзгорон бо синфхонаҳо, ки бо маводҳои таълимию тарбиявӣ бо забони англисӣ ва русӣ ҷиҳозонида шудааст, таъмин мебошанд. Баъди гузаштан ба низоми таҳсилоти кредитӣ аз ҷониби омӯзгорон тибқи барномаҳои таълимӣ силлабусҳо ва модулҳо омода карда шуда, ин модулҳои таълимӣ дар китобхонаи электронӣ ҷой дода шудааст ва аз ин маводҳо донишҷӯён дар машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд. Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон овезаҳо бо луғатҳо аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ барои ихтисосҳои амалкунанда омода карда шудааст. Дар коллеҷ маҳфилҳои омӯзиши забони русӣ ва забони англисӣ ташкил карда шуд, он дар зери назорати маъмурият қарор дорад. Дар Кафедраи забонҳо синфхонаи лингафонӣ бо асбобу айёниятҳои лозимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои фанни забони англисӣ ташкил карда шудааст.
Фаъолият намудани синфхонаи лингафонӣ аз фанни забони англисӣ гувоҳи он аст ки, омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар Коллеҷи тиббӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Роҳбарияти Коллеҷи тиббӣ бо Маркази бозомӯзии “Калонсолон”, ки дар Маркази шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Бохтар фаъолият менамояд, робитаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ба устодон низ барои омӯзиши забони англисӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳафтаи фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар коллеҷ гузаронида мешавад.
Маҳфилҳо
Дар кафедраҳо маҳфилҳо аз фанни асосҳои инфарматика,таърихи халқи тоҷик ва сотсиалогия ташкил карда шудааст. Ташкили маҳфилҳои омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ, дар кафедраи тиббӣ биологӣ маҳфилҳои фаннӣ, аз фанҳои биология, УТКЛ, анатомия, беҳдошти умумӣ ташкил карда шуда, ҳафтае ду маротиба гузаронида мешаванд. Роҳбари маҳфили фанни биология омӯзгорони собиқадор Холова Гулсара ва Салихова Хосият буда дар омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар Кафедраи фанҳои амрози даруна ва бемориҳои кӯдакона фаъолияти маҳфилҳои фанни бемориҳои амрози даруна, хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби мудири кафедра ва омӯзгорон дастурҳои методии бемориҳои амрози даруна, патологияи умумӣ ва равоншиносии умумиро омода карда шуд.
Дар коллеҷ аз фанҳои химия, биология ва информатика маҳфилҳои фаннӣ амал мекунад. Аъзоёни ин маҳфилҳо дар озмунҳои фаннӣ, ки дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Айни ҳол бо иштирокчиёни озмунҳои фанҳои дақиқ дасрсҳои иловагӣ пурзӯр карда шуда, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ доир ба фанҳои таълимӣ дар вазъи хуб қарор дорад.
Дар таълимгоҳ инчунин, маҳфили “Ҳамшираи беҳтарин” амал мекунад. Назорати гузаронида шудани маҳфилҳо ва дарсҳои иловагӣ зери назорати маъмурият қарор дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз гузаронидани маҳфилҳои гуногун дар баланд бардоштани савияи дониш, малака ва касбияти донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.
Дарсҳои амалӣ
Ҳамасола, дар аввали соли таҳсил шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни субъектҳои шарики ҳамкор – марказҳои тиббию пешгиркунандаи вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар ба роҳ монда мешавад. Машғулиятҳои амалӣ дар бахшҳои дуюм, сеюм ва чорум дар пойгоҳҳои таълимӣ воқеъ дар беморхонаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, диспансерҳо, марказҳои саломатӣ, машваратхонаи занона, маркази тиббии «Даво», дорухонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки дар он ҷо синфхонаҳо ташкил карда шудааст, гузаронида мешаванд.
Дар ошёнаи якум бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар вақти дарс ин нуқтаи тиббӣ низ истифода бурда мешавад. Омӯзгорон машғулитҳои амалиро дар беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Б. Воҳидов, беморхонаи шаҳрӣ, Дармонгоҳи кӯдакона ва Маркази саломатии калонсолони ш. Бохтар, Маркази ташхисию табобатии “Даво” ва диспансерҳои бемориҳои чашм, пӯст ва дигар муассисаҳои тиббию профилактикии шаҳрӣ ва вилоятӣ мегузаронанд.
Машгулиятҳои амалии донишҷӯён дар дорухонаи № 4-и шаҳри Бохтар, ҶДММ Хатлонфарматсия ва ҶДММ – Сафар воқеъ дар шаҳри Бохтар гузаронида шуда истодааст.
Хобгоҳ
Дар Коллеҷи тиббӣ хобгоҳ барои донишҷудухтарон фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он 156 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст истиқомат менамоянд. Дар таътили тобистона ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳ ва роҳравҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ашёҳои хобгоҳ таъмин карда шуд. Дар хобгоҳ китобхона, ду қироатхона, ду хонаи истироҳатӣ, ду ҳуҷра барои шустушӯ, се нуқтаи хӯрокпазӣ мавҷуд аст. Ҳолати беҳдории хобгоҳ ҳамарӯза аз ҷониби омӯзгорони навбатдор назорат карда мешавад. Ҳар моҳ вохӯрии роҳбарияти коллеҷ бо донишҷӯдухтарни хобгоҳ гузаронида шуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида мешавад. Дар хобгоҳ маҳфилҳои омӯзишии забони англисӣ, забони русӣ ва забони тоҷикӣ фаъолият менамояд.
Ғайр аз ин, духтарони хобгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангию варзишии коллеҷ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок менамоянд.
Китобхона
Дар китобхонаи коллеҷ 26 ҳазору 770 адад китоб мавҷуд буда, теъдоди китобҳои таълимӣ – тахассусӣ – 12.753 адад, таълими умумӣ – 700 адад, адабиётҳои методӣ -1072 адад, адабиётҳои бадеӣ – 2 707 адад ва адабиётҳои мухталиф 90 ададро ташкил медиҳанд.
Китобхонаи электронӣ аз соли 2012 фаъолият менамояд, ки дар 4 синфхонаи электронӣ 60 адад компютер мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Дар китобхонаи электронии коллеҷ лексияҳои омӯзгорон ҷойгир карда шудааст ва дар он беш аз 5000 номгӯи китобҳо мавҷуд мебошад.
Барои баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба китобхони дар коллеҷ маҳфимлҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ташкил карда шуда, озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни донишҷӯён гузаронида мешавад. Ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» дар моҳи феврали ва соли ҷорӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Иштирокчиёни фаъоли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки дар коллеҷ гузаронида шуд, барои иштирок намудан дар озмуни шаҳрӣ роҳхат дода шуд.
Аз ҷониби омӯзгорони асосии коллеҷ 25-адад адабиётҳои таълимӣ (1-китоб ва 24-дастур) ва 100 модули таълимӣ таҳия карда шудааст, ки ин нишондиҳанда қобили ифтихор аст.
Аз ҷониби омӯзгорони асосӣ Нуриддинов А., Болтаев М., Амиров К., Холова Г., китоби биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва паразиталогия (курси лексияҳо) аз ҷониби омӯзгори фанни анатомияи одам Назирова К. дастури таълимии атласи анатомияи одам омода карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим
Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва дар асоси он ҷадвали машғулиятҳо таҳия карда шуда, бо иттифоқи касабаи коллеҷ мувофиқа карда шудааст. Раванди таълим ва иҷроиши он мунтазам аз ҷониби маъмурияти коллеҷ назорат карда мешаванд. Масъалаҳои санҷиши фанҳои таълимӣ мутобиқати онҳо ба нақша ва барномаҳои таълимӣ ва азхудкунии дониши донишҷуён дар Шурои омӯзгорон дида баромада мешавад.
Иштирок дар озмунҳо
Донишҷӯёни МД “Коллеҷи тиббии Бохтар” ҳар сол дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар озмуни шаҳрӣ донишҷӯи бахши 2-юми шуъбаи кори момодоягӣ Ширини Мирбадал ғолиб омада, дар озмуни вилоятӣ сазовори Шоҳҷоиза гардида, дар озмуни ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Омӯзгорони коллеҷ дар семинарҳо, конфронсҳо, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр гузаронида мешаванд фаъолона иштирок намуда истодаанд. Аз ҷумла: Саромузгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва табии риёзӣ Раҷабова П. Ҳ. дар санаи 5-уми феврали соли 2020 дар конфронси илмӣ амалӣ, ки дар Донишкадаи Энергетикии вилояти Хатлон баргузор гардида, иштирок ва баромад намуда, бо Ифтихорноми Раёсати кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Хатлон мукофотонида шуд.
Стипендияҳои ифтихорӣ
Аз ҳисоби донишҷӯёни фаъолу аълохон 1 нафар донишҷӯи коллеҷ аз шуъбаи кори ҳамширагӣ, гирандаи Стипендияи Президентӣ ва 3 нафар гирандаи идрорпулии раиси вилоят буда, 2-нафар гирандаи идрорпулии иттифоқи касабаи вилоят ва 4 нафар гирандаи идрорпулии ҲХДТ мебошанд.
Ҳуҷраҳои касбинтихобкунӣ
Дар Коллеҷи тиббии шаҳр Бохтар аз соли 2012 барои 7-шуъбае, ки дар коллеҷ фаъолият менамояд, ҳуҷраҳои касбинтихобкунӣ ташкил карда шудааст, Ҳамаи ҳуҷраҳои касбинтихобкунӣ бо асбобу айёниятҳои таълимӣ, овезаҳо доир ба соҳа таҷҳизонида шудааст.
Дар соли сипаригашта як ҳуҷраи нави касбинтихобкунӣ ташкил карда шуда, дар он муляжҳои нав, склети одам, таҷҳизотҳо барои гузаронидани ёрии аввалияи тиббӣ ба навзодон, мулуҳҳои зани зоянда ва барои гузаронидани амлиётҳои зоиш, узвҳои алоҳидаи одам барои машғулиятҳои амалӣ ва қаблиамалӣ, аз фанҳои момоӣ ва бемориҳои занона, ҷарроҳия, анатомия ва физиологияи одам ва кори ҳамширагӣ ворид карда шуданд.
Ҳуҷраи касбинтихобкунӣ ҳамаруза фаъолият намуда, донишҷӯёни гуруҳҳои мақсаднок низ ҳангоми гузаштани машғулиятҳои қаблӣ – амалӣ аз ин ҷо дидан менамоянд ва малакаҳои худро бо иҷро кардани дастамалҳо такмил медиҳанд.
Такмили ихтисос ва омодагии касбии кадрҳо
Аз соли 2015 маҳфили омӯзиши технологияи информатсионӣ барои омӯзгорони асосии коллеҷ низ ташкил карда шудааст, ки дар як ҳафта ду маротиба гузаронида мешавад. Дар коллеҷ 4-нафар омӯзгорон аз фанни технологияи информатсионӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Аз ҷониби ин омӯзгорон маҳфили омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ фаъолият менамояд.
Айни ҳол дар ҳамаи кафедраҳо 15 синфхона бо таҷҳизотҳои технологияи информатсионӣ аз қабили тахтаи электронӣ, проекторҳо ва компютерҳо ташкил карда шудааст. Дарс-лексияҳо дар ин синфхонаҳо бо усули нави таълим бо истифода аз технологияи муосир гузаронида мешавад.
Бинои нави таълимӣ
Дар моҳи августи соли 2017 бинои нави таълимӣ иборат аз таҳхона ва се ошёна ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар таҳхонаи бино 4-синфхонаи лексионӣ, 1-синфхонаи маркази тестӣ бо таҷҳизотҳои таълимӣ, 1-ҳуҷра барои бойгонӣ, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳо барои кормандони маъмурият, дар ошёнаи дувум толори маҷлисгоҳ бо 200-ҷойи нишаст, 1-синфхонаи лингафонӣ барои фанни забони англисӣ , 1-синфхонаи компютерӣ ва ҳуҷраи касбинтихобкунӣ, дар ошёнаи севвум толори варзишӣ ва ҳуҷраҳо барои либосивазкунӣ ва шустушӯӣ, 2-синфхонаи лексионӣ ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодааст. Ҳамаи синфхонаҳо бо асбобу айёниятҳои таълимӣ таъмин карда шуда, гузаронидани лексияҳо бо усули нави таълим (истифода аз тахтаи электронӣ ва шабакаи интернет) ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳои варзишӣ
Коллеҷ дорои толори калони варзишӣ ва майдончаи варзишии муосир буда, донишҷӯён тавонистаанд, ки дастовардҳои зиёдеро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ба даст оранд. Дар санаи аз 15 то 23-юми феврали соли ҷорӣ донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи кори момодоягӣ Анаева Анасултан дар мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ барои дарёфт намудани Ҷоми Федератсияи велосипедронӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ғайр аз ин, санаи 28-уми феврал соли ҷорӣ мусобиқаи кушоди интихобии Мактаби Маҳоратии Варзишии шаҳри Бохтар дар байни ҷавонони маҳдудияташон маҳдуд (маъюбон) оид ба “Дастхобонӣ ва вазнбардорӣ”- гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён Холова Умриниссо ва Тавакалова Шарифамоҳ сазовори ҷои якум, Намозова Азиза ва Қурбонализодаи Тоир сазовори ҷои дуюм, Ҳаитова Уғулой сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Донишҷуёни номбурда санаи 29-уми феврали соли ҷорӣ дар мусобиқаи вилоятии “Дастхобонӣ ва вазнбардорӣ”- иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Чунин мисолҳо кам нестанд ва ба ин рӯйхат сазофори ҷоҳои итихори шудани Хушвахтова Азиза дар мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабук, “Тела додани гулула”, Анаева Анасулто аз шуъбаи кори момодоягӣ,
Алиева Гуландом аз шуъбаи кори табобати ва Акрамова Миҷгона дар “Дави Наврӯзӣ”-ро низ мисол овардан мумкин аст, ки санаи 14-уми марти соли 2020 баргузор гардид.
Иштироки донишҷӯи коллеҷ Тавакалова Шарифмоҳ санаи 28-29-уми марти соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Тенниси рӯи миз” ва сазовори ҷойи дуюм гардидани ӯ низ яке аз дастовардҳои ҷиддии варзишии таълимгоҳ ба шумор меравад.
Ба ҷои хулоса
Боздиди мо аз МТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ва суҳбат бо устодону хонандагон нишон дод, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи мазкур дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Аз суҳбат бо директори таълимгоҳ Мӯсоев Иброҳим Исматович маълум шуд, ки МТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” имрӯз барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ҳамаи шароитҳоро дорад ва таълим дар муассиса бо шароити муосир ба роҳ монда шудааст. Устод Мӯсоев иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик дар назди таълимгоҳ бунёди маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар сурати амалӣ шудани он дараҷаи касбомӯзии донишҷӯён боз ҳам боло хоҳад рафт.
Омодагии донишҷӯён ба дарсҳо дар ҳамаи шуъбаҳо аз ҷониби маъмурият, махсусан аз ҷониби директор, мудири кафедра, муовинон ва декани факултет мунтазам санҷида мешаванд.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
МТЖТ