Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти соҳаи тиб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабарнигори МТЖТ бо сартабиби сохтори госпиталии ноҳияи мазкур Ҷӯразода Муродҷон Абдӯалӣ суҳбат ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда аз оғози суҳбат қайд кард, ки таваҷҷӯҳу эътибори давлуту Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи муҳим, яъне тиб аст, ки муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, бо вориди таҷҳизоту технологияи муосир бо маблағгузории буҷетӣ соҳаи тандурустӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, баробари беҳтар шудани ҳолати хизматрасонӣ, тарзу усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар соли 2023 вобаста ба корҳои таъмирӣ ва харидории таҷҳизот чунин корҳо иҷро карда шуд. Чунончи, дар давраи ҳисоботӣ барои сохтмон ва таъмир аз ҳамаи манбаҳо 2250157 сомонӣ маблағ сарф гардидааст, барои таҷҳизотҳо 4642495 сомонӣ мебошад. Инчунин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҲИА ҶТ ба маблағи 116762 сомонӣ 25 номгӯй таҷҳизот дастрас карда шуд. Аз тарафи сафоратхонаи Ҷопон бошад 6 номгӯй таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 1022317 сомонӣ ба беморхонаи марказӣ ворид карда шуд.

Аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 405295 нафар (2022 – 400254 нафар) буда, аз онҳо кӯдакони синни то 18 сола 144624 нафар, занҳои қобили таваллуд 106700 нафар (2022 – 105300 нафар), кӯдакони то 1 сола 7611 нафар мебошанд.

Натиҷагирӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тариқи сохтори госпиталии ноҳия тавассути 12 беморхона дорои 1166 кат (аз инҳо 40 катҳои муассисаҳои хусусӣ), аз он – Беморхонаи марказии ноҳия барои 480 кат, 7 адад беморхонаи ноҳиявӣ, 3 адад беморхонаи минтақавии деҳотӣ ва 1 адад маркази бемории руҳӣ, ҷамъ бо 646 кат.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи шаҳрвандони ноҳия 69 (2022-134 нафар) нафар оид ба масъалаҳои ёрдам бо доруворӣ, гузаронидани муолиҷаи госпиталии ройгон муроҷиати шифоиву хаттӣ кардаанд, ки ҳаммаи онҳо ҳалли худро ёфтаанд.

Базаи кадрӣ

Номбурда тазаккур дод, ки имрӯз ба аҳолии ноҳия 176 нафар духтурон ва 848 нафар коркунони миёнасоҳаи тибб хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин давра ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 83 нафар ҳамширагони тиббӣ ба кор қабул карда шуданд. Дар Муассисаҳои бистарии ноҳия ба кормандони миёнаи тиббӣ норасогӣ ба назар намерасад.

Дар хусуси табибон бошад соли ҷорӣ ба сохтор 15 нафар (аз инҳо 12 нафар ҷавон) ба кор қабул карда шуданд.

Баҳри баланд бардоштани савияи дониш дар давраи ҳисоботӣ 45 нафар духтурон аз такмили ихтисос гузаштаанд. Аз инҳо 15 нафар бо дастгирии ВТ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия берун аз марзи кишвар такмили ихтисос гузашта, чанд намудҳои нави муолиҷа ва муоина ба монанди: денситометрия, мамография ва кардиовизор ворид карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамширагони тибб аз такмили ихтисос гузаштанд. Айни замон зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои шахсии кормандони миёна барои гузаштани атестатсияи дараҷанокӣ омода карда шудаанд.

Миқдори дараҷанокии духтурон бошад 92 нафар буда, 52%-ро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷати зиёда аз 55 нафар духтурон барои гузаронидани тахассуси дараҷаноки омода карда шудаанд. Ҳоло дар муассисаҳои бистарии ноҳия 13 нафар номзадҳои илми тиб, 6 нафар дорандагони мукофоти давлатӣ ва 43 нафар аълочиёни нигаҳдории тандурустӣ фаъолият мебаранд.

Таъмир ва харидии таҷҳизот

Мавсуф афзуд, ки дар сохтори госпиталии ноҳия дар соли 2023 якчанд шӯъба аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Маблағи умумӣ барои таъмир ва корҳои сохтмонӣ равона гашта, аз ҳамаи сарчашмаҳо 2007435 сомониро ташкил медиҳад.

Фаъолияти пурсамар

Инчунин, номбурда қайд кард, ки дар айни замон дар ноҳияи Б.Ғафуров 233 катҳои соҳаи ҷарроҳӣ фаъолият мекунад. Дар соли сипаришуда аз шуъбаҳои соҳаи ҷарроҳии ноҳия 8093 нафар беморон (8093 нафар дар соли 2022) муолиҷаҳои гуногуни дорушифоӣ ва ҷарроҳӣ гирифтанд. Аз ин миқдор ба 3468 нафар (3555 нафар дар соли 2022) ҷарроҳиҳои гуногун гузаронида шуд, ки фаъолнокии ҷарроҳӣ 42,9%-ро (43,9% дар соли 2022) ташкил кард ва солҳои зиёд дар як сатҳ қарор дорад. Ҷарроҳиҳои реҷавӣ ва фаврӣ таносуби қаноатбахш доранд (1985 ҷарроҳии реҷавӣ нисбат ба 945 ҷарроҳии фаврӣ).

Бояд қайд кард, ки солҳои охир ҷарроҳиҳои эндоскопӣ вобаста ба дастрас кардани таҷҳизоти замонавӣ бисёр шуда истодааст. Соли 2023 дар умум 470 (2022­­-364) ҷарроҳиҳои эндоскопи гузаронида шудааст.

Дар ноҳия шаш шӯъбаи таваллуди сатҳи якум дар беморхонаҳои ҷамоати Хистеварз, Ҳ.Усмонов, Исмоил, Ёва, Овчиқалъача ва Чашмасор. Як шӯъбаи таваллуди сатҳи дуюм дар беморхонаи марказии ноҳия фаъолият бурда, миқдори умумии катҳо 183 ададро ташкил медиҳад. Инчунин, ду шуъбаи бемориҳои занона дар беморхонаи марказӣ бо 30 кат ва БН№1 ҷамоати Хистеварз бо 18 кат, ҷамъ 48 кат фаъолият мебаранд. Дар сохтор 28 нафар духтур – 14 нафар дорои дараҷаи олӣ , 8- нафар дорои дараҷаи якум, 1 нафар дараҷаи 2 ва 5 нафар мутахассисони ҷавон, байни ҳамшираҳо 32 нафар дорои дараҷаи олӣ, 17 нафар дорои дараҷаи якум, 3 нафар дорои дараҷаи 2 мебошанд. Духтурони малакаи мустақилона гузаронидани ҷароҳии буриши қайсари дошта 12 нафар буда, ампутатсия ва эстерпатсия дошта панҷ нафар мебошанд.

Дар шуъбаҳои таваллуди ноҳия 6130 (соли 2022 -5460) таваллуд ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиндатаваллуд 6140 (соли 2022-5458). Ҳамаи таваллуд 100% аз рӯи партограмма пешбарӣ карда мешавад. Таваллуди шерики 61% (42%) – ро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳои асосии шӯъба солҳои охир мунтазам рӯ ба беҳбуди ниҳодааст, ки самараи беҳтар гаштани базаи модди техники ва риояи протоколҳои клиники мебошад.

Барои хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар ноҳия 11 шӯъба бо 156 кат фаъолият мебарад. Духтурон 15 нафар буда дараҷаноки 94%.

Таҷҳизоти тибби тибқи талабот таъмин шудааст. Беморон қабул карда шуда дар соли 2023 – 3818 (2022 –3983) нафар, бо роҳхат 68% ва тариқи худмуроҷиат 32% буда, иҷроиши катҳо 95% (2022-95%), ки нисбати соли гузашта паст мебошад. Иҷроиши протоколҳои клиники дар шӯъбаҳо аз 85,9% то 92% бардошта шуда, корбарӣ дар ин самт давом дорад. Барои беҳтар кардани маърифатнокии аҳоли ёддоштҳо барои волидайн нисбати ҳолатҳои хатарнок ва ғизои иловагӣ тартиб дода шуда, ба беморон тақсим карда мешавад.

Дар ноҳия миқдори умумии катҳои соматики 391, аз ин дар соҳаи бемориҳои дарунӣ 11 шӯъба бо 216 кат, бемориҳои асаб 4 шӯъба бо 90 кати калонсолон ва 10 кати кӯдакона ва дар соҳаи бемориҳои дил 3 шӯъба бо 70 кат фаъолият мебарад.

Гиёҳшифои дар шӯъбаҳо ташкил карда шуда, истифодаи он пурра амал гардида истодааст. Воридоти дастурамали клиникии ташхисию табобати дар соҳа 90 – 92% -ро ташкил медиҳад.

Дар шӯъбаҳои асабшиносӣ 11 нафар духтурон фаъолият мебаранд, аз онҳо 9 нафар дараҷаи олӣ ва 3 нафар дараҷа надоранд, 4 нафар такмили ихтисос гузашт. Дар давраи ҳисоботӣ 3987 (2022-3955) бемор бистари гаштааст.

Дар ноҳия се шуъбаи сирояти бо 65 кати бистарӣ, аз ин 40 кати кӯдакона ва 25 кати калонсолон дар БН №1, БН№4 ва БН №5 фаъолият мебарад. Дар соҳа 4 нафар духтурон фаъолият мебаранд, дараҷанокӣ 75%, як нафар духтури ҷавон, дараҷанокии ҳамшираҳо 81%.

Дар давраи ҳисоботӣ бистаригашт нафар 1223 (2022 –1550), аз ин кӯдакон 923 (2022-1315) нафар буда, иҷрои фонди катҳо 75,5%. Иҷроиши протоколҳо дар соҳа 82 – 85%, баҳри беҳтар кардани риоя корбари давом дорад.

Дар ноҳия 1 шӯъба ва 10 ҳуҷраҳои физиотерапевти фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 71 адад таҷҳизоти тиббӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо дар ҳолати коршоям қарор доранд. Миқдори беморони муолиҷа гирифта 8433 (2022-9547) нафар ба онҳо 51844(2022-44131) амалиёт гузаронида шудааст.

Дар фароварди суҳбат Ҷӯразода М. А. Изҳор дошт, ки мо тамоми талошу кӯшиши худро баҳри боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ ба аҳолиро рӯи даст хоҳем гирифт ва ҳамзамон барои пешрафти илми тиббӣ миллӣ мекӯшем саҳми арзандаи хешро гузорем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь