Воқеан, мо то сиҳат нашавем ва саломатии худро барқарор накунем дар андешаи хушбахтӣ ва дигар корҳо нестем. Пас, то вақти сиҳат шудан ва роҳ ба сӯи хушбахтӣ кушодан, кӣ ҳамроҳи мо буд ва ҳаст албатта, табиб. Табибони ҳақиқӣ мудом паи омӯзиш ҳастанд ва талош мекунанд донишу саводи худро беш аз пеш афзунтар кунанд. Чунинанд табибони ноҳияи Қубодиён, ки дар бораи фаъолияташон мо сухане чанд рӯи сафҳа меорем.

Чунончӣ, роҳбари КАТС-и ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Каримҷон Файзулло дар суҳбат ба хабарнигори МТЖТ изҳор дошт, кормандони Шабакаи Муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар самти беҳтар ва хубтар намудани хизматрасонии тиббии санитарӣ ба аҳолии ноҳия корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.

Тибби оилавӣ

Мавсуф қайд кард, ки маркази тибби оилавии ноҳияи Қубодиён аз соли 2004-ум фаъолият мекунад.

Маркази тибби оилавӣ ба 20693 нафар шаҳрвандон хизмат мерасонад, ки аз ин адад 9155 нафарашонро кӯдакони синни то 14 сола, 711-нафар кӯдакони синни то 1 сола ва 5191 нафар кӯдакони синни то 5 соларо ташкил медиҳад. Занҳои қобили таваллуд 5885-нафар мебошанд, ки аз ин адад 580 нафарашонро гуруҳи мақсаднок ташкил мекунад. Бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар ноҳия ҷо ба ҷогузории тибби оилавӣ дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббии санитари як қатор корҳо татбиқ шуда истодааст.

Дар Маркази тибби оилавӣ 6 нафар духтурон ва 13 нафар ҳамшираи тиббӣ оилавӣ буда, 8 нафарашон дар Марказҳои таълимӣ курси пурраи омӯзишӣ тибби оилавиро гузаштанд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008 таҳти №600 дар бораи тартиби хизматрасонии тиббии санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ тасдиқ шуда, аз санаи 11.07.2012 ШМКАТС-и ноҳия тибқи қарори шӯрои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии музднок дар 12 намуди хизматрасонӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Хизматрасонӣ ва харидории таҷҳизот

Номбурда инчунин тазаккур дод, ки шумораи умумии маъюбон 1839 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 438 нафараш кӯдакони то синни 18-сола мебошад. Дар муддати 9-моҳи аввали соли равон 61-нафар маъюбон бори аввал ба қайд гирифта шуданд, 12-нафар маъюбон бо сабаби солим шуданашон аз рӯйхати маъюбон бароварда шуданд. Аз тарафи мутахассисони маҳдуди КАТС-и ноҳия 1789-нафар маъюбон аз муоина ва таҳлилҳои озмоиши ройгон гузаронида шуданд.

Аз тарафи Маркази саломатии ноҳия якҷоя бо Маркази солимии репродуктивии ноҳия ба 6-адад МСД-ҳо “Корвони саломатӣ” ташкил карда шуда, 401-нафар занҳои ҳомиладор аз муоина, таҳлилҳои озмоиши ва мутахассисони соҳаи маҳдуд гузаронида шуданд.

Дар бинои нави Маркази саломатии ноҳия таҷҳизотҳои тибби замонавии аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридгардид ва барои сад фоиза таъминот гардидан аз ҳисоби буҷети маҳаллии Маркази саломатии ноҳия таҷҳизотҳои тиббӣ харидорӣ карда шуда, камбудиҳо ислоҳ гардиданд.

Таҷҳизоти УЗИ DC-60 (1-адад) -384288 сомонӣ ва амсоли инҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 1373136 (як милиону сесаду ҳафтоду се ҳазору яксаду сиву шаш) сомонӣ харидорӣ карда шуданд.

Дар 9-моҳи соли 2024 аз ҳисоби қарори Ф-600 ба маблағи 213750 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ШМКАТС-и ноҳия ба маблағи 194820 сомонӣ доруворӣ харидорӣ карда шуд.

Аз ҳисоби буҷети ШМКАТС-и ноҳия ба маблағи 1281391.37 сомонӣ ва аз ҳисоби Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кудак ва густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоқикистон” ба маблағи 279069.1 сомонӣ таҷҳизот ва молу ашё харидорӣ карда шуд, аз тамоми сарчашмаҳои маблағ 1969030.48 сомониро ташкил медиҳад.

Бунёдкорӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар сохтмони бунгоҳи саломатии “Соҳибкор” корҳои созандагӣ идома дорад. Барои бунгоҳои саломатии “Миришкор” ва “Ҷоназартеппа” таҳкурсӣ партофта шуд. Дар бунгоҳи саломатии “Чимғилиш-1” таъмири капиталӣ аз ҳисоби буҷети ШМКАТС ба охир расид. Барои сохмони бунгоҳҳои болозикр аз ҳисоби буҷаи ШМКАТС ба маблағи 114910 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда шуд.

Дар бинои нави Маркази саломатии ноҳия аз сабаби фуру рафтани қисмати берунаи бино, сафолакҳо гирифта шуда, ҷойҳои фуру рафта бо сангу шағал пур карда шуда, сафолакҳо аз нав барқарор карда шуданд.

Дар асоси фармоиши №410 аз 14.05.2021с “Меъёр ва қоидаҳои санитарӣ оид ба ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳо дар муассисаҳои тиббӣ” дар ҳудуди бинои нави Маркази саломатии ноҳия нуқтаи сузонидани портовҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар рӯзҳои шанбе ҳамаи кормандони ШМКАТС-и ноҳияи Қубодиён барои ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи муассиса фаъолона иштирок менамоянд.

Дар Марказҳои саломатии деҳотиҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ низ шанбегии умумӣ бо шинонидани дарахтону гулҳои ороишӣ, тоза намудани гирду атроф ва дохили биноҳои Марказҳои тиббӣ гузаронида мешаванд.

Аз тарафи кормандони тиб дар Маркази саломатии ноҳия, Маркази саломатии деҳотиҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар 9-моҳи соли ҷорӣ 957-адад гулҳои гуногун (60-адад гулҳои лола, 312-адад гулҳои садбарг, 132-адад дигар намуди гулҳо) ва 453-адад дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Наӣиҷагирӣ

Номбурда тазаккур дод, ки шуъбаи ёрии таъҷилӣ аз санаи 01.07.2024 ба тавозуни Маркази саломатии ноҳияи Қубодиён гузаронида шуда, ба фаъолият оғоз намуд.

Дар муддати 3-моҳ муроҷиати шаҳрвандон – 247 адад, даъват ба хона 83 адад ва даъват ба ШВКД-и ноҳия – 218 адад ба қайд гирифта шудааст.

Бо сабаби ба қайд гирифтани ҳодисаҳои бемории сухтанӣ дар деҳаи Палвонтуғай ҷ/д Н.Хусрав санаи 26.08.2024 сол аз ҳисоби кормандони ШМКАТС-и ноҳия: роҳбари ШМКАТС, табиби сироятшинос, табиби пусту зуҳравӣ ва бародарони тиб бо дорувориҳои аввалиндараҷа ташриф оварданд. Бо мақсади дарёфти саривақтии гумонбари ба бемории сухтанӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ гуруҳи эпидемикӣ аз ҳисоби Маркази саломатии ноҳия ва Маркази саломатии деҳотӣ ташкил карда шуд.

Аз тарафи гуруҳи эпидемикӣ 87-нафар беморон дарёфт гардида, аз муоина гузаронида шуданд. Баъд аз муоина ба 76-нафар беморон табобати амбулаторӣ таъин карда шуда, 11-нафари онҳо дар МД МТ “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён шуъбаи сироятӣ бистарӣ карда шуданд, ки айни ҳол ҳамаи онҳо ба хона ҷавоб дода шуда, дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.

Барои назорат бурдани бемории сирояти сухтани (сибирская язва) дар Ҷамоати деҳоти Н.Хусрав деҳаи Палвонтуғай аз Маркази саломатии ноҳия табиби сироятшинос Маҳкамов Х.М. ҳамчун шахси масъул вобаста карда шудааст.

Ҳаррӯза аз тарафи табиби сироятшинос ва бародари тибби минтақавӣ беморони дарёфтгардида ва алоқамандон муоина ва назорат карда мешаванд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь