Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ солимии аҳолиро бойгарии давлат унвон намуда, то кунун ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Дар доираи иқдомоти созанда дар ин самт дар кишвар даҳҳо муассисаҳои ташхисиву табобатии хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ таъмин карда шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сол ба сол беҳтару хубтар гардид ва раванди ислоҳоти соҳа бомаром идома дорад.

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир дар баробари тибби давлатӣ, ҳамзамон тибби хусусӣ низ дар кишвар дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ рушд намуда истодааст.

Айни замон муассисаҳои тиббии хусусӣ дар таъмини аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолияти пурсамар дошта, саҳми онҳо дар таъмини солимии аҳолии мамлакат назаррас мебошад.

Заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолият ва рушди тибби хусусӣ заминаҳои мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994), Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 майи соли 2017), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (17 майи соли 2004, №37), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (2 августи соли 2011, №751), қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (03.04.2007, №172), «Дар бораи тасдиқи тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектҳои муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад» (аз 30 марти соли 2010, №179), «Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ» (аз 09.09.2014, №600), “Стратегия ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” (аз 30.09.2021, №414) аз зумраи онҳо мебошанд. Дар ин росто, як қатор фармоишҳои соҳавӣ низ қабул гардидаанд, ки баҳри рушду  пешрафти соҳа, ба стантартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат равона гардидаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарури амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёз ва сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шудаанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 16 марти соли 2022, №362 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моратория ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 8 июни соли 2022, №1874 аз дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ба бахши хусусӣ дарак медиҳанд.

Гуфтаҳои боло далели раднопазири онанд, ки дар кишвар баҳри фаъолият ва рушди тибби хусусӣ заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба таври бояду шояд фароҳам гардидааст ва танҳо аз соҳибкорон вобаста аст, ки аз ин имконияти мавҷуда то кадом андоза самаранок истифода мебаранд.

Афзудани шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, агар то соли 2012 дар  Тоҷикистон ҳамагӣ 508 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият мекард, айни ҳол ин шумора 801 ададро ташкил  медиҳад, ки аз ин миён  411 адад дар шакли шахсони ҳуқуқӣ  бо 81 филиал  ва  390 адад дар шакли шахсони воқеӣ фаъолият доранд.

Бино ба маълумоти  хадамоти мазкур, айни замон муассисаҳои хусусии тиббии бисёрсоҳавӣ бо статсионарҳо дар ҷумҳурӣ  106  ададро ташкил медиҳад, ки онҳо дорои 2873  кат мебошанд.

Ҳамзамон, шумораи умумии ҷойҳои хоб дар осоишгоҳҳои хусусӣ 3062 ададро ташкил менамояд.

Арқоми дар боло зиркшуда гувоҳи он аст, ки шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ дар мамлакат ҳамасола зиёд шуда истодааст ва ин аз рушди бемайлони соҳа дар мамлакат дарак медиҳад.

Вазъи таъминоти кадрӣ

Мусаллам аст, ки дар баробари шароити мусоиди муҳайёгардида дар муассисаҳои хусусии тандурустӣ, инчунин, мутахассисони баландихтисос низ заруранд, то битавонанд барои таъмини сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ ба ниёзмандон нақш дошта бошанд. Новобаста ба он, ки норасоии кадрӣ ҳамоно дар соҳаи тандурустии мамлакат ҳамчун масъалаи доғ боқӣ мемонад, имрӯзҳо табибони баландихтисос низ дар муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббии кишвар 4949 нафар,  аз он ҷумла 2024  нафар табибон, 1869  нафар кормандони миёнаи тиб ва 1056  нафар кормандони ёрирасон фаъолият мекунанд.

Мутобиқи низоми мавҷуда, ҳамасола набояд камтар аз 20 то 25% кормадони муассисаҳои хусусии тиббӣ  аз даврҳои омӯзишии такмили ихтисос гузашта, малакаи касбии хешро баланд бардоранд.

Бо ин мақсад тайи солҳои 2021-2022 аз миёни мутахассисони муассисаҳои хусусии тиббӣ 376 нафар табиб ва 40 нафар кормандони миёни тиббӣ дар дохили кишвар ва 11 нафар табибон дар хориҷи кишвар аз даврҳои омузишӣ аз рӯи ихтисосашон такмили ихтисос намудаанд. Барои беҳтар гардидани вазъият дар ин самт бояд чорабиниҳои иловагӣ андешида шаванд.

Усулҳои нави тахшис ва табобат

Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба саволи мо дар мавриди нақши муассисаҳои тиббии хусусӣ дар ворид намудани таҷҳизоту лавозимоти наву замонавӣ ва бо ин васила анҷом додани усулҳои нави ташхису табобат чӣ гуна аст, иброз доштанд, ки табибони бахши хусусӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки бо истифода аз технологияҳои муосири тиббӣ дар бахшҳои гуногуни соҳа хизматрасонии замонавиро ба роҳ монанд.

Маҳз дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини солимии аҳолӣ соҳибкорони ватанӣ барои муассисаҳои хусусии тиббӣ таҷҳизотҳои муосири соҳавӣ харидорӣ ва ворид намуданд, ки айни замон дар ташхис ва табобати шаҳрвандон ба таври васеъ истифода мешаванд.

Дар ин замина, нақши муассисаҳои хусусии тиббиро дар ворид намудани навовариҳо дар соҳаи тандурустии мамлакат метавон махсус қайд намуд, ки қаблан дар соҳаи тибби кишвар ба андозаи маҳдуд мавриди истифода қарор доштаанд. Аз ин рӯ, ниёзмандон барои дарёфти ҳалли мушкилоти худ ба хориҷи кишвар мерафтанд ва хушбахтона имрӯз дар мамлакат қариб тамоми намуди ташхису табобат, чӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ва чӣ дар муассисаҳои давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз он ҷумла, навовариҳо дар самти озмоишӣ-ташхисӣ, аз қабили МРТ, КТ, рентгени рақамӣ, ангиографӣ, момографӣ, таҷҳизотҳои автоматикии озмоишгоҳӣ, навовариҳо дар самти табобати барқарорсозӣ, амалиётҳои гемодиализӣ, литотрипсия (сангшиканӣ), амалиётҳои малоинавизии эндовидео-ҷарроҳӣ, барномаҳои ЭКО ва криоконсерватсия ҷанин ва тухмҳуҷайраҳои инсон, имплантологӣ, табобати бемориҳои офталмологӣ ва ЛОР. Дар самти таъмини сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ оид ба масъалаҳои безарарсозӣ, истеҳсол ва истифодаи маводҳои масрафшавандаи тиббӣ, пеш аз ҳама нахустин шуда бештари онҳо дар муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат амалӣ карда шуданд ва хушбахтона имрӯз онҳо барои беморону ниёзмандон дастрас мебошанд.

Ҳамин тавр, тибби хусусӣ бо ворид намудани технологияҳои навтарини тиббӣ дар баробари пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ҳамзамон бо кам кардани хароҷот дар рушди буҷети оилаҳо ва дар маҷмӯъ дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Имкониятҳои истифоданашуда ва дурнамо

Шамсиддин Қурбонов, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тибби хусусӣ ва ҳамзамон Раиси ташкилоти ҷумҳуриявии «Бунёди рушди тибби хусусӣ» мебошад, иброз медорад, ки имкониятҳои истифоданашуда дар бахши тибби мамлакат хеле зиёд мебошанд: «Дастовардҳои имрӯзаи тиб ва тандурустӣ дар ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд. Бинобар ин, хеле аз дастовардҳои илму технология бояд ҳарчи зудтар дар бахши тандурустии кишвар ворид гардида, ба нафъи рушди тиб ва тандурустӣ, беҳтаршавии хизматрасониҳои босифат ва бехатарии тиббӣ ва дар ниҳояти кор барои беҳтаршавии саломатии мардум истифода бурда шаванд. Яке аз имкониятҳои хубе, ки то ҳанӯз ба таври бояду шояд истифода бурда нашудааст, ин компютеркунонии соҳаи тандурустӣ мебошад. Масалан, агар шаҳрванде, ки як маротиба ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кардааст, бояд тамоми маълумоти баъдина идомаи ин маълумотҳо бошад. Дар чунин ҳолат вақти табиб соатҳо барои пурсидан ва ҷамъоварии маълумот нисбати шахси муроҷиаткунанда сарф намешавад. Баъдан, ман шахсан тарафдори созмон додани паспотрҳо (шиносномаҳо)-и генетикӣ мебошам. Нуфузи кишвари мо зиёд нест. Аз ин рӯ, барои татбиқи ин амал танҳо ҳавсала ва каме имконоти молиявӣ лозим асту халос. Инчунин, пешбурди соҳаҳои хеле зиёди тандурустиро бояд ба бахши тибби хусусӣ вогузор намуд, аммо назорати давлатӣ ҳатман сари он беҳтару шаффоф сурат бигирад. Банда тарафдори он ҳастам, ки назорати давлатӣ ба фаъолияти тиббӣ ва тандурустӣ новобаста аз шакли моликияти муассисаҳо яксону якранг гардонида шавад».

Ҳамсуҳбати мо ҳамчун як табиб умедвор аст, ки дар оянда ба рушди тибби хусусӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бештар дода мешавад. Ӯ мегӯяд, аз пойтахти мамлакат сар карда, то дар дурдасттарин деҳаи Тоҷикистон дар баробари имкониятҳои рушди тибби давлатӣ, ҳамзамон тибби хусусӣ низ бояд рушд ва тавсеа ёбад. Ҳамзамон, аз тарафи давлат ва сохторҳои дахлдор ба тибби давлатӣ ва тибби хусусӣ нигоҳ ва назари яксон роиҷ гардад, аз ҷумла андозбандиҳо якхел карда шаванд. Барои ворид намудани технологияи муосири тиббию доруворӣ ва маводҳои масрафшаванда дар ин соҳа сабукиҳои иловагӣ ҷорӣ гарданд. Муҳимтар аз ҳама, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои давлатии тиббӣ ва хусусии тиббӣ ривоҷ ёфта, заминаҳои клиникии муассисаҳои хусусии тиббӣ барои тарбияи кадрҳои соҳавӣ самаранок истифода бурда шаванд. Махсусан, бояд дар заминаҳои клиникии муассисаҳои хусусии тиббӣ корҳои пажуҳишӣ ба роҳ монда шаванд.

Ба андешаи ҷаноби Шамсиддин Қурбонов, дар маҷмӯъ амалӣ намудани ин чорабиниҳо ба беҳтар гардидани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва аз пештара бештар намудани масъулияти муассисони марказҳои тиббии хусусӣ дар самти пешбурди фаъолияташон мусоидат хоҳанд кард.

Хусрав Шосаидзода,

журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь