Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти КАТС-и ноҳияи Файзобод хабарнигори МТЖТ бо роҳбари шабакаи мазкур Тавакалов Аҳмадшоҳ Баҳронович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар шаш моҳи соли 2024 дар идомаи раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ бо ироа гардидани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гирифт, ки ишора шуда буд. Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як соли охир садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.

Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2023 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд, ки шаҳодат ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба соҳаи тандурустӣ мебошад.

Инчунин, танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву масхсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия Паёми имсолаи ироа гардидаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳия тамоми донишу маҳорати худро дареғ надошта, бо дилу нияти пок содиқонона хизмат мерасонанд.

 Сохтор ва фаъолият

Номбурда тазаккур дод, ки дар ноҳия ба 01.06.2024с 1-маркази саломатии ноҳия, 16-маркази саломатии деҳот, 6-марказҳои саломатии соҳавӣ, 32-бунгоҳҳои саломатӣ, 8-нуқтаи тиббӣ, ҷамъ 63-муассисаҳои КАТС фаъолият менамоянд.

Нақшаи кории роҳбари шабакаи КАТС-и ноҳия аз тарафи муовини раиси ҳукумати н. Файзобод ва Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 тасдиқ шудааст. Дар нақшаи корӣ, тарзи беҳтаршавии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз қабили базаи моддӣ-техникӣ, кадрҳо, такмили ихтисос, масъалаҳои демографӣ, хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомиладор, кӯдакон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, беморони сил, саратон, ВНМО, зуҳравӣ, наркологӣ, муоинаи тиббии корхонаю ташкилотҳо тайёри ба фаслҳои сол. Корҳои эмгузаронӣ, назорати муассисаҳои тиббӣ, гузаронидани шуроҳои тиббӣ, назорати иҷроиши қарорҳои онҳо, бақайдгирии бемориҳои сирояткунанда, интизоми меҳнат, иҷроиши барномаҳои миллӣ, стратегия, консепсияи  ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, назорати нақшаҳои кории табибон, директорони МСД, бунгоҳҳои саломатӣ, вазифҳои функсионалӣ, буҷети КАТС-и ноҳия, таъмини хадамоти ёрирасон (озмоишгоҳҳо, ултрасадо, функсионалӣ, сабти барқии дил, флюрография) алоқа бо ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо баҳри мубориза бар зидди коррупсия ва ҳоказо фаъолияти худро КАТС ба роҳ мондааст.

 Иҷроиши барномаҳои миллӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки иҷроиши барномаҳои миллӣ дар мадди назари маъмурияти КАТС ва сохтори госпиталӣ қарор доранд. Таҳлили фаъолияти барнома ва натиҷаҳои ба даст омада гузаронида шуд, ки пешравии хизматрасони ба аҳолӣ назар ба солҳои пештара, яъне баъд аз ворид гаштани барнома хуб гаштааст.

Таъмини бехатарии фаъолияти кормандони тиб дар ҷои корӣ то қадрӣ имкон таъмин карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо лампаҳои кварсӣ таъмин ҳаст, реҷаи безараркунӣ (бо маҳлули хлорамин) риоя карда мешавад.

Алоқаи зич бо Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои зидди сил хуб ба роҳ монда шудааст. Маркази ҷумҳурияви барои пешрафти кор дастгириҳои зиёд низ менамояд. Марказ бо МНДСЭ ҳамкориро дар сатҳи олӣ ба роҳ монда, реҷаи санитарӣ эпидемиологии атрофиёни мубталои бемории сил ва манбаҳои сил пурра зери назорат қарор дорад.

Таъмини саривақтии ҳуқуқу имтиёзҳои маъюбон аз бемории сил назорат карда шуда ва беморони эҳтиёҷманд гурӯҳи маъюбӣ мегиранд.

Директори маркази эмтаъминкунӣ мунтазам босифат ваксинаҳоро таъмин менамояд ва кормандони мо рафти онро назорат мебаранд.

Натиҷагирӣ

Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар КАТС-и ноҳия комёбиҳои назаррас ба амал омад, нишондиҳандаҳо беҳтар гардиданд.

Зоиши занони ҳомиладор дар таваллудхонаҳо ба 98,7% расид, назар ба ҳамин давраи соли гузашта таваллуд зиёд гардид, фоизи истифодабарандагони маводҳои зидди ҳамл ба 33,9% расид ва фоизи бақайдгирии занҳои ҳомила то 12 ҳафта ба 79,1% расид.

Дар ин давра сохтмони 1 маркази саломатии деҳотӣ дар деҳаи Сари сафедхок аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бошад дар назди маркази саломатии ноҳия сохтмони шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ рафта истодааст.

Бояд гуфт, ки аксарияти муассисаҳои тандурустии шабакаи КАТС-и ноҳия дар ҳолати хуби фаъолият қарор доранд. Ба мутахассисони соҳа истифодабарии таҷҳизотҳои муосири тиббӣ омӯзонида шудааст ва пурра корбарӣ карда метавонанд ва ба ин васила давра ба давра сатҳу сифат ва бехатарии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия хубтару беҳтар гашта истодааст.

Дар пеш вазифаҳои муҳим истодаанд барои ба талаботҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй будани хизматрасонии тиббӣ ба мардум мо бояд дар нимсолаи дуюми соли 2024 ба чунин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳем:

-иҷроиши дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ноҳия, нақшаҳои корӣ, вазифаҳои функсионалии табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, қарорҳои мушовараи Вазорат ва қарорҳои шуроҳои тиббӣ дар зери назорати қатъи гирифтани муассисаҳои КАТС, диққати ҷиддӣ додан ба дараҷанокии мутахассисон, иҷроиши фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оиди корҳои тарғиботӣ, муоинаи тиббии аҳолӣ, махсусан ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни садамаи Чернобил, хизматрасонии тиббӣ пулакӣ ба аҳолӣ, қарори №600. Иҷроиши супоришҳои Сардори давлат, ки дар Паём дарҷ гардидааст.

Ва ин чунин мекӯшем хидмати шоиста ба халқу диёри хеш намоем, то мардум сиҳатманду солим сари кор худ бошанду барои пешрафти Тоҷикистон азиз саҳмгузор бошанд.

Бояд ёдовар шавем, ки айни ҳол мо дар остонаи таҷлили Ҷашни бузурги давлатӣ- Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва ин ҷашни бузургро ба тамоми ҳамватанон муборак бод мегӯям.

Албатта, Истиқлоли давлатӣ буд, ки мо ба ин дараҷаҳои баланди пешрафт расидем ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ эътироф карданду бо дастовардҳои бузург мақоми худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз мекунад.

Дастовардҳои Тоҷикистони азиз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад ва Пешвои миллат буданд, ки давлату миллати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот доданд, хидматҳои ин марди бузург ҳисобу китоб надоранд, фақат таманно мекунам, ки Сарвари давлат ва давлати тоҷикон поянда бод!

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь