Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи Марказии Шаҳрии шаҳри Панҷакент  хабарнигори МТЖТ бо сардухтури муассисаи мазкур Абдуллоева Раъно  суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Аввалан аз ин минбари шумо истифода карда, сокинони кишвари азизамонро бо Ҷашни Истиқлол муборакбод мегӯям ва таманнои онро мекунам, ки Истиқлоли кишварамон пояндаву ҷовидон бод! Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарӯр аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Муассисаҳои  сохтори госпиталии  шаҳри Панҷакент  дар фаъолияти худ дастуру асноди  директивии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Раёсати тандурустии вилоят ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакентро ҳамчун  раҳнамо қабул намуда, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.Мутобиқ ба ҳадафхои “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2021 № 414 қабул шудаст самтҳои стратегии соҳа идоракунии самаранок, маблағгузории устувор, захираҳои инсонӣ барои соҳаи тандурустӣ, рушди системаи иттилоотӣ, хизматрасонии дастрас ва босифат муайян шудаанд. Шабакаи муассисаҳои госпиталӣ аз 25 (2022- 24) муассисаи тиббӣ иборат буда, ба зиёда аз  321 000  нафар аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент ва бархе аз манотиқи навоҳии ҳамсоя хизмати тиббӣ мерасонад.Коргузорӣ дар сохтори госпиталӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон”, “Дастурамали коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали коргузорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда буд. Дар давраи  ҳисоботӣ  ба бахши коргузории БМШ  ҳамагӣ 673 (2022- 507) адад   аснод, аз ҷумла 231 адад ҳуҷҷатҳои   воридшуда ва 295  адад асноди содиршуда ба қайд гирифта  шудаанд. Ба унвонии маъмурияти беморхонаи марказии шаҳр  45 (2022- 40)  аризаи шаҳрвандон, аз ҷумла  26 (2022-3 ) аризаи  шифоҳӣ ва  19 (2022-25)   аризаи хаттӣ ворид шудааст.Ҳамаи аризаҳои шаҳрвандон дар мӯҳлатҳои муайяншуда  баррасӣ гашта, ба шахсони ниёзманд ҷавобхои конеъкунанда дода шудааст. Мутобиқи нақша ва ғайринақшавӣ  7 маротиба ҷаласаҳоии Шӯрои тиббӣ баргузор гардида,  мавзӯъҳои мубрами соҳа баррасӣ гардидаанд.

Заминаи моддӣтехникии соҳа

Таҳкими заминаи моддӣ- техникии соҳа афзалияти калидӣ маҳсуб ёфта, таъмини иҷрои  қарори Раиси  шаҳр  аз  20.10.2022  № 299  «Дар бораи татбиқи  “Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   солҳои 2022- 2025” дар  шаҳри Панҷакент” мутобиқи нақшаи тасдиқшуда идома дошт. Барои таъмини фаъолияти муассисаҳои сохтори госпиталӣ аз буҷети маҳаллӣ 26 202 772 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, 24 866 221 сомонӣ масраф шудааст, ки иҷрои нақшаро 95,3 % таъмин мекунад. Сарчашмаи дигари маблағгузории соҳа хизматрасонии пулакӣ  мебошад. Ҷиҳати амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008 № 600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” чораҳои мушаххас андешида шудааст. Ба хазинаи муассисаҳои тиббии сохтори госпиталӣ ба ҷои 1 753 000 сомонӣ маблағи пешбинишуда 1 663 589 сомонӣ   маблағи пардохт ва ҳампардохти хизматрасониҳои тиббӣ ворид шудааст, ки 94,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли 2023 ошхонаи БМШ   ба фаъолият шурӯъ намуда, беморон як маротиба бо хӯроки гарм таъмин гаштаанд.Дар назар аст, ки батадриҷ дар давоми сол,  дар дигар муассисаҳои сохтори госпиталӣ низ беморон бо хӯроки гарм таъмин карда шаванд.

Айни замон  сохтмони биноҳои нави беморхонаи минтақавии  Ғӯсар бо захираи 100 кат (бо дастгирии молии Ҳукумати вилоят) ва  беморхонаи минтақавии Чорбоғ бо захираи 20 кат (бо дастгирии молии соҳибкорони маҳаллӣ), тармими саросарии бинои маъмурияти БМШ, шӯъбаҳои ташкилӣ- методӣ ва урологии БМШ идома дорад. Дар чоряки аввали соли 2023 тармиму азнавсозӣ ва ҷиҳозонидани  шифохонаи бемориҳои сироятӣ ба охир расид.  Ба рақамикунони муассисаҳои сохтори госпиталӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар муассисаҳои тиббии сохтори госпиталӣ 50 адад компутер мавҷуд буда, аз 19 нуқтаи интернет истифода мешавад. Дар соли 2023 харидорӣ намудани 25 адад компутери дигар ба нақша гирифта шудааст.        Муассисаҳои тиббии сохтори госпитплӣ ҳадалимкон бо дастгоҳу олоти иббии муосир таъминанд.

Захираи кадрӣ

Бо назардошти субъектҳои шахсӣ, ба 01.07.2023 дар муассисаҳои тиббии  сохтори госпиталӣ ҳамагӣ 195 нафар  духтурон ва  855 нафар кормандони миёнаи тибб  кору фаъолият доштанд.Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 64 нафар, аз ҷумла 3 нафар духтурон, 40 нафар кормандони миёнаи тиб ва 21 нафар кормандони хурди тиб ба кор қабул шуда, рафтуомади кормандон (текучесть кадров)  ба 1,4 % баробар аст.Дар байни духтурони ба кор қабулшуда 66,6 %, кормандони миёнаи тибб бошад 60 фоизашро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.

Барои таъмини фаъолияти муассисаҳои тиббии давлатии сохтори госпиталӣ ҳамагӣ 1697,75 воҳиди корӣ, аз ҷумла 212,25 воҳиди кории духтурӣ ва 676,75 воҳиди кории кормандони миёнаи тибб ҷудо шуда буд.Мукаммалсози воҳидҳои кории духтурӣ  97,6 %; кормандони миёнаи тибб бошад 100 фоиз таъмин гаштааст. Дар давоми 6 моҳи аввали соли равон 8 нафар духтурон, аз ҷумла 2 нафар дар заминаи клиникаҳои  мамлакати Ҳиндустон ва Федератсияи Россия ва 11 нафар кормандони миёнаи тибб такмили ихтисос кардаанд.Дар ҳамин давра ҳамагӣ 130 нафар кормандони миёнаи тибби сохтори госпиталӣ аз аттестатсия барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ гузаштаанд.Ҳуҷҷатҳои духтурони ба аттестатсия ниёзманд омода шуда, ба комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод шудааст.Индикатори дараҷоти тахассусии  духтурон то ба 72,6%, кормандони миёнаи тибб бошад то ба 72,1 % боло рафтааст.Дар структураи дараҷоти тахассусии духтурон дараҷаи олӣ (66,6%), кормандони миёнаи тибб (54%) бартарӣ дорад.

Индикатори таъминот, дастрасӣ ва таркиботи хидмати госпиталӣ

Чӣ тавре, ки дар боло ишора рафт ба аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент 25  статсионар бо захираи 1310 кат, аз ҷумла БМШ, 13 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 5- то марказҳо ва 2 адад бемористони хусусӣ хизмати шифохонаӣ мерасонад. Структураи тахассусии захираи катҳо  бетағйир боқӣ монда, катҳои терапевтӣ- 20,3 %, барои таваллуд- 12 % ва ҷарроҳӣ- 8,9 % бартарӣ доранд.   Маврид  ба тазакур аст, ки захираи катҳои маркази дилшиносӣ (108,7 %), шуъбахои таваллуд (387 %)  ва патологияи ҳомиладории таваллудхона (249,4 %) бо сарбории аз хадд зиёд кор кардаанд. Вадарниҳояти кор ин низоми дезинфексиониро халалдор карда меиавонад. Ба андешаи мо дар ин самт андешидани чораҳои мушаххас амри зарурӣ мебошад.

Ба ҳисоби миёна як кат 146,2  (2022- 134,5) рӯз банд буд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта  11,7  рӯз зиёдтар аст.Суръати афзоиши истифодаи технологияи пешрафта дар табобати беморон (200 амал бар зидди 90 амали соли 2022) 222,2  фоизро ташкил додааст.

Нишонгари дигари  асосии фаъолияти статсионар фавти беморхонаӣ маҳсуб меёбад. Индикатори фавқуззикр аз бистаригардонии саривақтии беморон, сифати табобати тогоспиталии онҳо ва ташкили протсеси ташхису табобат дар  бемористон шаҳодат медиҳад. Дар маҷмӯъ дар шифохонахо 39 (2022- 40) ҳодисаи фавт ба қайд гирифта шудааст ва индикатори фавти статсионарӣ дар як сатҳ (0,2 фоизӣ) боқӣ мондааст.

Дар шӯъбаҳои бахши ҷарроҳӣ ҳамагӣ  2690 (2022- 2333) амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Дар таркиботи амалиёт ҷарроҳиҳои оҷилӣ 71,4 (2022- 72,4) фоизро ташкил медиҳанд. Индикатори бартарии услуби ҷарроҳии табобат (оперативная активность) аз 29,2 фоизи ҳамин давраи соли 2022 то ба 31,7 % афзоиш ёфтааст.Истифодаи услуби ҷарроҳии табобат дар шӯъбаҳои эндоҷарроҳӣ ( 98,2 %), ҷарроҳии умуми (71,2 %) ва ҷарроҳии кӯдакони БМШ (87,5 %) бартарӣ дорад.Баръакси гуфтаҳои болоӣ истифодаи услуби ҷарроҳии табобат дар баъзе шӯъбаҳои БМШ- уролологӣ аз 54,4 % то ба 45,8 %, нейроҷарроҳӣ аз 36,4 % то ба 27,1%, оториноларингологӣ аз 23,4% то ба 16,3 %, офталмологӣ аз 24,5 % то 19,8 % ва  шифохонаи кӯдакон аз 21,5 % то ба 14,7 % поин рафтааст.

Суръати афзоиши истифодаи технологияи пешрафта дар табобати беморон (200 амал бар зидди 90 амали соли 2022) 222,2  фоизро ташкил додааст.

Рафти  иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 30.10.2018 № 994 ва фармоиши Раёсати тандурустии  вилояти Суғд аз 03.06.2019   № 97 “Дар бораи  тасдиқи  тартиби  гузаронидани  амалиёти хатнаи кӯдакон”  пайваста зери назорат қарор дошт. Дар давраи ҳисоботӣ    ҳамагӣ 1836  (2022- 1284) амалиёти хатна, аз ҷумла   207 амалиёт  дар байни кӯдакони синни то 20 рӯза гузаронида шудааст.Суръати афзоиши хатна 142,9 фоизро ташкил медиҳад.Дар структураи амалиёти хатна амалиёти статсионарӣ 58,3 фоизро ташкил медиҳад.

Экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои госпиталӣ  таҳти назорати ҷиддӣ  қарор дошт.Дар давраи ҳисоботӣ  ба 493 (2022-525) нафар бемор, ба муддати  6043 (2022-6146) рӯз  варақаи корношоямии муваққатӣ дода шудааст. Ҳисоби миёнаи давомнокии корношоямии муваққатӣ аз 11,7 рӯзи нимсолаи аввали соли 2022 то ба 12,2 рӯз зиёд шудааст.

Ҳамагӣ  47 (2022- 44) ҳодисаи фавти перинаталӣ ба кайд гирифта шудааст, ки 14,1 (2022-12,3) промиллеро ташкил медиҳад. Дар структураи фавти перинаталӣ афгона 55,3  % ва фавти бармаҳали неонаталӣ 44,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ду  (2022-1)   ҳодисаи фавти модарон дар статсионар ба қайд гирифта шудааст. Индикатори фавти модарон аз 27,9 просантимеллии  нимсолаи аввали соли соли 2022 дар ҳамин давраи  соли 2023 то ба 60 просантимеллӣ зиёд шудааст.

Дар заминаи муассисаҳои тиббии сохтори госпиталӣ 4 шӯъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият дошт. Шумораи умумии даъватҳо 7214 (2022- 6815) буда, 541 (2022- 117) нафар ба тавассути бригадаи ёрии таъҷилӣ бистарӣ гаодонида шудааст.То омадани бригадаи ёрии таъҷилӣ 21 (2022- 16) нафар беморон фавтидаанд.Як нафар бемор дар ҳузури бригадаи ёрии таъҷилӣ дар хона фавтидааст.

Ҳадафҳои  Қарори Раиси вилоят аз 16.01.2021 № 19 “Дар бораи таъмин намудани муассисаҳои табобатии вилоят бо хуни бехатари донорӣ” пайваста амалӣ мешуд. Дар  давраи ҳисоботӣ аз “Маркази хун”- и вилояи  ҳуҷраи захираи хуни БМШ 192 кг зардоби хун ва массаи эритроситарӣ гирифтааст.Ҳамагӣ 152 кг маводи хун истифода шуда, ба 28.06.2023 30 киллограммӣ зардоби хун ва массаи эритроситарӣ, 5 воя ҳаҷми тромбоситарӣ, 39 воя криопресипитат ва 7 воя КНП мавҷуд аст.

Ҷараёни  бакайдгирии бемориҳои сироятӣ таҳти назорати доимӣ ва катъии  муассисаҳои тандурустӣ қарор дошта, ҷиҳати паст намудани сатҳи он чорабиниҳои мушаххас андешида шудааст.Ҳамагӣ 45 (2022- 30) ҳодисаи бемории гепатити вирусии А, 83 (2022- 46) ҳодисаи гепатити музмини вирусии В ва 27 (2022- 14) ҳодисаи гепатити музмини вирусии С ба қайд гирифта шудааст.

Бори аввал 13 (2022- 15) ҳодисаи лейшманиоз,  117 ҳодисаи брутселлёз (2022- 30), 167 (2022- 238)  ҳодисаи ҷароҳатбардорӣ аз газидану хароишидан ва лесидани ҳайвонот  ба қайд гирифта шудааст. Индикатори беморшавӣ ба гепатити вирусии А аз 9,4 то ба 14,0;  гепатити вирусии В аз 14,5 то ба 28,8; гепатити вирусии С аз 4,4 то ба 8,4; сироятёбӣ ба ВНМО аз 6,3 то ба 6,5 просантимеллӣ зиёд шуда, нишонгари дардмандӣ ба лейшманиоз аз 4,7 то ба 4,0 ва бемориҳои рабиологӣ аз 74,1 то ба 52,6 просантималлӣ кам шудааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин сатҳи осеббинӣ аз газидани ҳайвонот балан боқӣ мемонад.

Амалисозии Қарори Раиси вилоят  аз 30.11.2020 № 350  «Дар бораи  тадбирҳои таъмини «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» дар вилояти Суғд»  мутобиқи нақша ба роҳ монда шуда буд.

Дар тамоми муассисахои тибби чорабиниҳо ҷиҳати тарғиби синамконии кӯдакон ба роҳ монда шуда буд. Ҳамагӣ 810 маротиба бо волидайн машгулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шудааст.

Дар шӯъбаи бачагонаи БМД Гусар ва шифохонаи кӯдакон 117 нафар кудакон  бо норасоии ҳод ва музмини ғизо ба табобат фаро гирифта шудаанд.Хамаги 145 қуттӣ ғизои табобатии F -75; 430 қуттӣ ғизои табобатии F -148 ва 160 дона Резомал истифода шудааст.

Манотиқи бештар осебпазир дар самти норасоии ғизо ҷамоъатҳои деҳоти Саразм- 13 (17,8 %), Могиён – 9 (12,3 %) ва Ёре- 8 (10, %) дониста шудаанд. Манотиқи бештар осебпазир нисбати фавти кӯдакон инҳо мебошанд: шаҳр- 9 (195 %), Саразм- 6 (13 %), Могиён – 4 (8,6 %) , Ёре- 5 (10,8 %) ва Шинг-  4 (8,6 %).

Дар тамоми шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона ва таваллудгоҳҳо оби равон ё дастшуяк бо обу собун ташкил карда шудааст.

Тамоми муассисаҳои тиббии сохтори госпиталӣ бо ҷадвали қаду вазн таъминанд. Пеш аз ҷавоб додани модару кӯдак аз шӯъбаи таваллуд ба модар корти эмгузаронӣ, бо нишон додани дарозии қади навзод, ҷадвали инкишофи ҷисмонӣ, ҳамчунин сабти таърихи рӯзи муроҷиати аввалини машваратӣ пас аз таваллуд, раҳнамо барои волидайн дода мешавад.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2013-2023”, ки бо қарори Раиси вилоят аз 18.02.2013 № 41 тасдиқ шудааст чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Татбиқи амалии ҳадафҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2024” идома дошт. Дар  давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои КАТС ҳамагӣ 1852 ҳодисаи ихтилоли ғизо ва мубодилаи моддаҳо ва бемориҳои системаи эндокринӣ, аз ҷумла 140 ҳодиса бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Дар структураи бемориҳо диабети қанд 33,7 фоизро ташкил дода, ҳамагӣ 619 ҳодисаи беморӣ, аз ҷумла 50 ҳодиса бори нахуст ифшо шудааст.

Аз 740 ҳодисаи бемории фарбеҳӣ 27 ҳодиса бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Мутобиқи маълумоти эндокринологи БМШ   таркиботи бемории фарбеҳӣ ба тариқи зайл табақабандӣ мешавад: вазни зиёдатӣ- 54 %; фарбеҳии дараҷаи I- 31,1 % ; фарбеҳии дараҷаи I I – 12,3 % ;  фарбеҳии дараҷаи I I I – 3,1 % ;  фарбеҳии дараҷаи  IV – 0,8 %.Аз шумораи умумии гирифторони фарбеҳӣ 43,1 фоизашон мубталои бемориҳои системаи дилу рагҳо мебошанд. Ба истиснои шӯъбаҳои эндоҷарроҳӣ, неврологӣ, эндокринологии БМШ ва маркази дилшиносӣ дар дигар шӯъбаю муассисаҳои тиббӣ татбиқи амалии ҳадафҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим ба роҳ монда нашудааст.

Дар таҳти назорати диспансерӣ 1386 нафар бемори мубталои ихтилоли ғизо ва мубодилаи моддаҳо ва бемориҳои системаи эндокринӣ қарор доранд, ки дар структкраи онҳо диабети қанд 44,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаи эндокринологии БМШ хамаги 505 нафар беморон, аз ҷумла 452 нафар мубталоёни диабети қанд ташхису табобат шудаанд.

Аз ҷониби кардиологҳои дармонгоҳи маркази байниноҳиявии дилшиносӣ ва Маркази шаҳрии саломатӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 2176 (2022- 2750) ҳодисаи бемориҳои системаи дилу рагҳо, аз ҷумла 320 (2022- 323) ҳодисаи бемории ишемиявии дил ва 528 (2022- 441) ҳодисаи фишорбаландии шарёнӣ ба қайд гирифта  шудааст. Чӣ тавре, ки мебинем динамикаи ошкорсзоии бемориҳо 79,1 фоизи соли гузаштаро ташкил медиҳад.Бори аввал 48 ҳодисаи БИД ва 46 ҳодисаи фишорбаландии шарёнӣ ифшо шудааст.

Дар статсионари маркази байниноҳиявии дилшиносӣ 789 нафар беморон ташхису табобат шуда, таркиби бемориҳоро фишорбаландии шарёнӣ (34,2) ва БИД (32,9 %) муайян мекунанд.Аз бемориҳои дил 3 нафар, аз ҷумла 1 нафар аз сактаи миокард фавтидаанд.

Абдуллоева дар фарҷоми суҳбат кайд кард, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои Барномаи миллии “Муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва алоими муктасабаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021- 2025” чорабиниҳои зарурӣ  роҳандозӣ шудаанд. Дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/АМНМО-и шахри Панчакент шумораи умумии ҳомилон ва мубталоёни ВНМО ба 513 (2022-474) нафар  расидааст.Дар  давраи ҳисоботӣ бори нахуст 24 (2022- 20) нафар сироятёфагони ВНМО   ба қайд  гирифта шудаанд. Татбиқи амалии ҳадафҳои “Барномаи миллии тарзи солими ҳаёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025″ идома дошт. Барои тарғибу ташвиқ ва ташаккули тарзи солими ҳаёт  ва баланд  бардоштани савияи дониш ва маърифати санитарии аҳолӣ корҳои мушаххас ба сомон расидаанд. Дар маҷмӯъ дар байни  аҳолӣ 363 661 (2022- 251 002) маротиба корҳои маърифатӣ- санитарӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, баромадхо ба воситаи садою симои маҳаллӣ – 28 (2022- 30), нашри мақолаҳо дар рӯзномаи “Зарафшон”- 13 (2022- 12), лексияхо дар мавзӯъҳои гуногун- 30 831 (2022- 23675)   ташкил ва гузаронида шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь